Милисаи қалбакӣ дастгир шуд
Як маҳбуси собиқ дар Душанбе худро корманди милиса муаррифӣ карда, бо таҳдид аз як зан 800 сомонӣ ва аз як зани дигар 1000 сомонӣ ситондааст. Ин милисаи қалбакӣ он ду занро ба он айбдор кардааст, ки хонаҳояшонро ба фоҳишахона табдил додаанд.
Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрвандон маблағ ситонидааст.
Аз он ҷумла, санаи 5-уми сентябри соли 2017, дар назди хонаи истиқоматиаш зани 40-солаи сокини пойтахтро дастгир намуда, худашро корманди милитсия муаррифӣ намудааст.Баъдан, ӯ бо роҳи таҳдид, яъне барои паст назадани шаъну шарафи зани номбурда, ки гӯё ӯ манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 700-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз зани 23-солаи сокини дигари пойтахт 800-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Ҳамин тариқ номбурда аз зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе низ 1000-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ