“Ахбор” “Озоди”-ро ба чанд сохтакорӣ айбдор мекунад

 

Сомонаи “Ахбор” дар бораи “сохтакориҳои” радиои амрикоии “Озодӣ” матлабе ба нашр расонд,ки онро манзури хонанагони “Тоҷикистон таймс” мекунем.   

Духтаре, ки ҳафтаи гузашта дар як гузориши ҳангоматалабонаи радиои «Озодӣҳамчун «атеист” муаррифӣ шуд, дар асл «атеист”-и сохта будааст ва танҳо барои таъмини рейтинги баланди ин радио дар назди микрофон сохтакорона нақши «атеист”-ро иҷро кардааст.

Бархе расонаҳо барои таъмини рейтинг даст ба чӣ корҳое намезананд.

Ҳафтаи гузашта радиои «Озодӣ” гузориши ҳангоматалабонаеро дар бораи як духтари атеист бо номи «Дӯсти кӯдакиам ба рӯям туф кард». Рӯзгори як духтари атеист дар Тоҷикистон” ҳамроҳ бо видеояш нашр кард. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки сокини 21-солаи Душанбе бо номи Фарангис худро «бедин” ё «атеист” мешуморад, вале дар ҷомиаи аксаран мусалмон ва муҳофизакори Тоҷикистон чунинҳоро хуш надоранд ва ҳатто як дӯсти даврони кӯдакиаш, вақте атеист шудани Фарангисро фаҳмид, ба рӯяш туф кард.

Радиои «Озодӣ” дар гузоришаш ба сурати муфассал чигуна ба ақидаи атеистӣ омадани ин духтарро қисса мекунад ва коршиносеро ҳам пайдо мекунад, ки мегӯяд, чунин атеистҳо дар Тоҷикистон зиёданд, вале азбаски медонанд, ки барои чунин ақидаашон мавриди нафрат қарор мегиранд, ҷаҳонбинии худро аз дигарон пинҳон мекунанд.

Гузориш мавҷи вокунишҳои аксаран манфӣ, вале бо ҳар сурат, хонандаи зиёдеро барои «Озодӣ” таъмин кард ва мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ” Соҷидаи Мирзо ҳам билофосила ба «боло”, яъне ба раҳбарияти радио гузориш дод, ки бубинед, коргарони ман чӣ тавр нотарсона ва алорағми мавҷи маҳкумиятҳо мавзӯъҳои дар ҷомиаи Тоҷикистон табуро доман мезананд. Ва таҳсини зиёде ҳам шунид барои чунин «ҷасорат”.

Аммо ин шаҳди хонандаи зиёду шарҳи зиёде, ки «Озодӣ” аз ин гузориш ба ҷомадонаш рехт, зиёд коми раҳбарони ин радиоро ширин накард.

Хеле зуд маълум шуд, ки қаҳрамони ин гузориш як атеисти сохта ва дугонаи наздики яке аз кормандони ин радио буда, барои таъмини рейтинг ва сохтан, бале, сохтани як гузориши «сенсатсия” дар назди микрофон сохтакорона нақши «атеист”-ро бозӣ кардааст.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки масъулони бахши тоҷикии радиои «Озодӣ” дар ивази чӣ ваъдае – пул, ваъдаи ҷои кор ё ҳатто паноҳандагӣ дар Ғарб — ин духтарро ба иҷрои чунин нақш розӣ кунондаанд, вале ин ки гузориш як найранг ва қаҳрамонаш сохта буд, фош шуд.

Ҳатто падару модари он духтар ба сари масъулони радиои «Озодӣ” рехтаанд ва хеле онҳоро сурху сафед кардаанд, ки ин чӣ масхарабозие буд, ки ба хотири «сенсатсия”-и дурӯғин бо духтари мо кардед? Радиои «Озодӣ” баъди чунин ранг гирифтани кор шитобкорона гузоришаш дар бораи ин «атеист”-и қалбакиашро аз саҳифаи асосӣ гирифта, ба бойгонӣ партофт.

Худи ҷараёни мусоҳиба бо ин «атеист»-и қалбакӣ низ барои чашми борикбин сохтакорӣ будани саволу ҷавобҳоро ошкор мекунад:

Ин бори аввал нест, ки дар ҷустуҷӯи «сенсатсия” ва боло бурдани рейтинг аз хидмати қаҳрамонҳои сохта истифода бурдани радиои «Озодӣ” ошкор мешавад. Соли гузашта «Озодӣ” мусоҳиба бо як «ҳамҷинсгарои тоҷик”-ро сенсатсия карда буд, вале вақте он «ҳамҷинсгаро” ва «дӯстписар”-аш барои паноҳандагӣ ба чандин сафорат муроҷиат карданд, таҳқиқи сафоратҳо аз тариқи тестҳои мухталиф нишон дода, ки ҳадафи ин ду нафар танҳо ба даст овардани ҳаққи иқомат дар ягон кишвари пешрафта аст ва дар асл онҳо аз лиҳози физиологӣ «ҳамҷинсгаро” набудаанд.

«Озодӣ” дар ҳоле боз як қаҳрамони сохтаашро «атеист” муаррифӣ карда, ба минбар баровард, ки ин радио дар як ботлоқи амиқи бӯҳрони раҳбарӣ қарор дорад.

Шумораи хонандагони «Озодӣ” ба сатҳи соли 2014 пойин рафта, бо вуҷуди ваъдаҳои баланд бисёре аз хабарнигорони матраҳ аз ҳамкорӣ бо ин радио худдорӣ кунанд. Бино ба иттилои сомонаи «Ахбор”, дар се моҳи охир дастикам 4 хабарнигори шинохтаи тоҷик пешниҳоди кор дар ин радиоро рад кардаанд. Эълони ҷои кор барои продюсери шабакаҳои иҷтимоӣ дар сомонаи «Озодӣ” низ се моҳ боз овезон аст, вале ҳеҷ не ки «харидор” пайдо кунад.

Яке аз ин хабарнигороне, ки пешниҳоди кор дар «Озодӣ”-ро қабул накард, дар шарҳи ин тасмимаш ба «Ахбор” гуфт: «Худи бачаҳои «Озодӣ” дӯстона ва , албатта, гӯшакӣ хабарам карданд, ки агар зиндагии орому асаби ором лозимат бошад, аслан набиё ба инҷо. Муҳити дохилии радио, ба гуфтаи худи коргаронаш, хеле баду тоқатфарсо ва ҳатто ваҳшатнок аст. То вақте ин муҳит ба як муҳити солим иваз нашавад, дигар гумон аст, ягон хабарнигоре, ки ба худаш эҳтиром мегузорад, ба ин корхона пой бигузорад.”

Дар маҷмӯъ, тайи 9 соли раҳбарии Соҷидаи Мирзо алакай 46 нафар тарки радиои «Озодӣ” кардаанд. Охирин нафар аз онҳо Фарзони Муҳаммадӣ, як хабарнигори ҷавони «Озодӣ” буд, ки ду ҳафта пеш ба нишони эътироз ин радиоро тарк гуфт. Ӯ мудири «Озодӣ” Соҷидаи Мирзо ва атрофиёни ӯро ба эҷоди як муҳити носолими корӣ ва зӯроварона айбдор кард ва гуфт, то вақте ин муҳит иваз нашавад, аз кор дар «Озодӣ” даст мекашад.

Дар баҳсе, ки аз кор рафтани Фарзони Муҳаммадӣ байни кормандони «Озодӣ” барпо кард, яке дигар аз хабарнигорони ин радио навишт, ки бахши тоҷикии радиои «Озодӣ” шадидан мариз шудааст ва маризиаш дигар бо доруву дармон табобат намешавад, балки ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.

Аммо баргардем ба масъалаи «атеист”-и сохта. Албатта, дар ҳар ҷомиа, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам афроде ки ба Худо бовра надоранд ва аз ақидаҳои атеистӣ пуштибонӣ мекунанд, ҳастанд. Вале доман задани чунин масоил дар ҷомиаи аксаран мусалмонии Тоҷикистон ва нохун задани «Озодӣ” ба эҳсосоти мазҳабии мардум худ ва он ҳам бо чунин сохтакорӣ як кори бадоқибат аст. Ҳатто агар ҳадаф боло бурдани рейтинги бо «шарофат”-и мудирияти Соҷидаи Мирзо кайҳо пушт ба замин задаи ин радио бошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *