Искандар ва Ҷомӣ барои Тоҷикистон ду нуқра оварданд

Варзишгарони Тоҷикистон  24 сентябр — дар рӯзи нуҳуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ  4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷиро соҳиб  шуданд.

Медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гуштини озод ба даст оварданд. Ҷомӣ дар даври чорякфинал варзишгари Қазоқистон Ербол Ардухан ва дар даври нимфинал варзишгари Ӯзбекистон Саттор Эргашевро шикаст дода, дар финал аз варзишгари дигари Қазоқистон Беймет Канжанов мағлуб гашт. Искандари Рустам дар даври ҳаштякфинал варзишгари афғон Сардор Нодирӣ, дар чорякфинал Такашӣ Ишигурои ҷопонӣ, дар нимфинал Бакдайлет Алментайи қазоқистониро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари Эрон Моҷтаба Голейҷ шикаст хурд.

Медалҳои биринҷиро бошад, Фотима Холова дар варзиши  кикбоксинг ва Умед Ҳасанбеков дар  самбо сазовор шуданд. Фотима Холова, ки  дар вазни  то 55 килои даври чорякфинал бар варзишгари Урдун Реҳам Абуғазала пирӯз шуда буд, дар нимфинал аз варзишгари эронӣ Шаҳноз Мирҳайдарӣ шикаст хурд. Умед Ҳасанбеков дар вазни -90 кг дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Нурмурат Танирбердиев, дар чорякфинал бар Пиерре Боу аз Лубнон ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари ӯзбек  Неъмат Ёқубов мағлуб гардид ва ахиран барои ҷои сеюм бар варзишгари Қирғизистон Туралбек Жолдошқазиев пирӯз омад.

Имрӯз, ҳамчунин, мусобиқа оид ба кикбоксинг идома ёфт. Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг бар Никеш Шрестаи непалӣ ва Сиёвуш Ибрагимов дар вазни -69 кг бар варзишгари Ӯзбекистон Рӯзимурод Туротқулов ғолиб шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *