Мирхолиқов, собиқ раиси Хуҷанд вафот кард

 

 Шаҳрдори собиқи Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов ба таври ногаҳонӣ дар синни 56-солагӣ аз фишори хун вафот кардааст. Ҷанозаи Мирхолиқовро рӯзи шанбе ба хок супурданд.

Содиқҷон Мирхолиқов, шаҳрдори собиқи Хуҷанд ва писари собиқ котиби якуми обкоми вилояти Ленинобод, 21 апрел сиҳати солим ва сари кор будааст, вале шабона фишори хунаш баланд шуда, ба таври ногаҳонӣ вафот кардааст. Табибон натавонистаанд, ки ӯро аз панҷаи марг раҳо кунанд.

Содиқҷон Мирхолиқов аз намояндагони элитаи сиёсии шаҳри Хуҷанд ба шумор мерафт. Дар замони Шӯравӣ падари ӯ Темурбой Мирхолиқов котиби якуми кумитаи вилоятии ҳизби он вақт ҳокими коммунист ибтидо дар вилояти Кӯлоб ва аз соли 1982 то 1984 раиси Госплан – як идораи муқтадир дар низоми ҳукумати он даврон буд. Мирхолиқов яке аз «валиаҳд”-ҳҳои клани Хуҷанд барои мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон низ шумурда мешуд, вале Қаҳҳор Маҳкамов, ки он вақт ба унвони раиси Шӯрои вазирон «валиаҳд”-и рақами як буд, тавонист ин рақибашро аз Душанбе «бадарға” кунад ва ба парвози ӯ ба сӯи курсии аввал нуқта гузорад. Темурбой Мирхолиқов дар соли 1984 ба мақоми котиби якуми ҳизби коммунист дар вилояти Ленинобод (ҳоло – Суғд) фиристода шуд ва дигар ба Душанбе барнагашт.

Темурбой Мирхолиқов бо ин вуҷуд дар он замон дар арсаи сиёсии Тоҷикистон аз афроди хеле пурнуфуз ба шумор мерафт ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, аз ҷумлаи он намояндагони клани Хуҷанд буд, ки дар тирамоҳи соли 1992 пешниҳоди ба намояндаи Кӯлоб – Эмомалӣ Раҳмон – супурдани мақоми аввали раҳбарии Тоҷикистонро пазируфтанд.

Темурбой Мирхолиқов дар солҳои 90 дигар аз саҳна канор рафт ва соли 2001 дар синни 63 даргузашт.

Писари ӯ Содиқҷон Мирхолиқов тақрибан ҳама вақт дар зинаҳои баланди роҳбарӣ кор карда, солҳои 2006 -2006 раиси шаҳри Қайроқум ва аз соли 2009 шаҳрдори Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд буд. Бисёриҳо ба ин мақоми баланд расидани Содиқҷон Мирхолиқовро оғози парвози ӯ ба курсиҳои боз ҳам баландтар мешумурданд, вале дар соли 2011 президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба раҳбарии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристода, ба мақоми шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Каримов (ҳоло – Аҳмадзода)-ро овард.

Содиқҷон Мирхолиқов то соли 2013 ба ин ноҳияи воқеъ дар канори Хуҷанд раҳбарӣ кард ва боз бо фармони президент «бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз ин мақом ҳам рафт.

Чанд соли охир Мирхолиқов  роҳбарии идораи оби шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Ҳамкоронаш Содиқҷон Мирхолиқовро як раҳбари ба сурати умум ҳалиму меҳрубон тасвир мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ дар ҳар мансабе ки кор кард, бо хоксориаш фарқ мекард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *