Мирзиёев: Тасмим гирифтам $1,5 млн ба Ғазза кӯмак намоям

Узбекистон ба сокинони Навори Ғазза 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 октябр дар ҷаласаи бахшида ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар бораи низоъ миёни Исроил ва ҷунбиши Ҳамос сухан гуфтааст.

«Тавре ки шумо медонед, даргириҳои мусаллаҳона миёни артиши Исроил ва ҷунбиши Ҳамос бӯҳрони башардӯстонаро шадидтар мекунад .Ман тасмим гирифтам, ки ба Ожонси Ховари Миёнаи СММ 1 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо кунам, то ба сокинони навори Ғазза ҳамаҷониба кумак расонад».

Мирзиёев афзуд, ки «Узбекистон ҳамбастагии худро бо мардуми Фаластин баён» ва «аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақил пуштибонӣ мекунад».

Ӯ ҳамзамон ба ҷавонони узбекистонӣ ҳушдор додааст, ки “ба таблиғоти гуногуни дурӯғ дода нашаванд ва ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *