Мирзоев бо 40 ҳазор ришва ба даст афтодааст

Корманди Идораи андози Душанбе бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва талаби 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан панҷ ҳазор доллар ришва боздошт шудааст.

 Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ин корманди андоз Файзиддин Мирзоев ном бурда ва гуфтанд, ки ӯ талош доштааст, бо гирифтани ин миқдор пул “пинҳонкории як соҳибкорро” махфӣ нигоҳ дорад. Амиршоҳ Султонзода, сардори Шуъбаи тафтишотии Раёсати Агентии зидди фасод дар пойтахт, рӯзи 2 феврал гуфтааст, ки  ӯ ҳангоми гирифтани пули талабкардааш дастгир шуда ва ҳоло қазияаш дар дасти баррасист.

“Шаҳрванд А. ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия муроҷиат кард, ки мутахассиси Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе… аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Аз ин маблағ 30 ҳазор сомониашро гирифтааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Файзиддин Мирзоев бо 10 ҳазор сомонии боқимонда дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз утоқи кориаш гирифта шуд”, — гуфтааст Султонзода.Ба қавли ин масъули раёсати Агентии зиддифасод дар Душанбе, ин мутахассиси Раёсати андози Душанбе гӯё ба соҳибкор ваъда дода будааст, ки дар ҷараёни санҷиши молиявӣ ё ревизия ба ӯ ёрӣ карда, “андозҳои пинҳоншудаашро камтар нишон медиҳад”. Ба хотири ҳифзи амнияти шахси муроҷиаткунанда аз ӯ танҳо “шаҳрванд А” ном бурда мешавад.Аммо  дар Агентии зидди фасод, шахсе ки аз қазия огоҳ аст гуфт: “шаҳрванд А” соҳибкор буда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Нисбат ба Файзиддин Мирзоев бар асоси моддаи 319, қисми 4, банди В, яъне “аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ” парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Агар ин иттиҳоми дар суд  исбот шавад, ӯро аз 600 ҳазор то 1 миллион сомонӣ ҷарима ва ё аз ҳафт то дувоздаҳ соли зиндон интизор аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *