Боз барф меборад, боз хунук мешавад ва боз тарма мефарояд…

 

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз барфрезӣ ва тармафароиҳои нав дар кишвар ҳушдор дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа пешбинӣ шудааст: “Дар навоҳии кўҳӣ туман, яхбандӣ ва фаромадани тарма дар назар аст. Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад».

Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш доранд, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар тариқи минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *