Мизи мудаввари байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

Таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда: дар шакли маҷлиси машваратии сардорони давлатҳо бахшида ба панҷумин солгарди машваратӣ” дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии мазкур бахшида ба Ҷаласаи навбатии панҷумини машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 14-15-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар рафти мизи мудаввар ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Академия Алимов Рашид Қутбиддинович, роҳбарони пажуҳишгоҳҳо, марказҳо ва мутахассисону коршиносони варзидаи хориҷиву ватании соҳаи сиёсат ва муноибатҳои байналмилалӣ баромад кардаанд.

— Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокдорон бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тайи панҷ соли охир дар Осиёи Марказӣ фазои неки ҳамсоягӣ ва бародарӣ барқарор шуда, бо шарофати саъю кӯшиши ҳамкориҳои муштарак дар асоси муколамаи васеъ соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра таҳким ёфта истодаанд,- меафзояд манбаъ.

Иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба корҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои иловагӣ дар доираи Ҷаласаи панҷуми машваратӣ дар шаҳри Душанбе, аз қабили Форуми иқтисодӣ, Форуми муколамаи занон, Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳо, Форуми ҷавонон, намоишгоҳи байналмилалии истеҳсолкунандагон, нахустин ҷаласаи вазирони нақлиёт, чорабинии бошукуҳи фарангӣ, фестивали таомҳои миллӣ, намоиши расмҳо, вохӯрии намояндагони интеллигенсияи илмӣ ва марафони варзишӣ андешаҳои худро иброз намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *