Девони вазирони Ӯзбекистон муҳлати рухсатии омӯзгоронро тасдиқ кард

Девони вазирони Ӯзбекистон бо як қарор давомнокии рухсатии ҳарсолаи дарозкардашудаи меҳнатии омӯзгоронро тасдиқ кард.

Директори мактаби миёна ва ҷонишинони ӯ акнун метавонанд 56 рӯз, муаллим, логопед, дефектолог 56 рӯз, тарбиятгар, психолог, роҳбари кружок, мудири мусиқӣ 42 рӯз истироҳат кунанд.

Ба директор, тарбиятгар, мудири мусиқӣ, психолог, методисти боғчаи бачагон 42 рӯз, ба инструктори тарбияи ҷисмонӣ, балетмейстер, ба инструктори шиноварӣ, ёрдамчии тарбиятгирӣ 27 рӯз, тарбиятгар, логопед ва дефектолог 56 рӯз рухсатии дарозмуҳлат дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *