Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июл то 3-юми сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки Намоиш-фурӯш дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Бохтар, Конибодом, Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, Норак, Исфара, Хуҷанд, Рӯдакӣ, Спитамен, Рашт, Хуросон, Варзоб, Мастчоҳ, Ашт, Дарвоз ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Вақти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таъомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *