Моҳи август ҳаво салқин аст?
Моҳи июл ҳаво хеле гарм шуд. Баъди ин қадар гармои шадид чанд рӯз аст, ки ҳаво салқин аст. Оё ин салқинӣ дар моҳи август пурра идома меёбад?
НУРАФЗО, сокини шаҳри Душанбе
Дар посух ба ин савол муовини сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархон Шарофиддинов чунин посух мегӯяд:
— Ҳавои моҳи август дар Тоҷикистон дар ҳақиқат нисбат ба июл салқинтар мешавад, вале дар умум ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигӣ аз 17 то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакуҳ 23+25 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи августи имсола ба соли 2016 монанд мешавад.
Интизор меравад, ки дар даҳаи дуюми моҳ ҳаво воқеан ҳам салқинтар шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ 1+2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 31 ва дар ноҳияҳои доманакуҳ то 25 дараҷа гарм мешавад.
Дар нимаи аввали моҳ дар ноҳияҳои водигӣ шабона 25, рӯзона 42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакуҳ шабона 20 дараҷа ва рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи дуюми моҳ дар водиҳо шабона 19 ва рӯзона то 38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакуҳ шабона то 15 ва рӯзона то 29 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.
Дар ин моҳ миқдори бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад. Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва баамалоии раъду барқ дар нимаи дуюми моҳ дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар рӯзҳои алоҳида шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Моҳи август дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд, дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 27 дараҷа ва дар ноҳияҳои куҳӣ 17 дараҷа гарм мешавад.
Дар нимаи аввали моҳ дар ноҳияҳои водигӣ шабона 22 ва рӯзона 42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакуҳ шабона 21 ва рӯзона 35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои куҳӣ шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона 30 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи дуюми моҳ дар водиҳо шабона 18 дараҷа ва рӯзона 36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакуҳ шабона 16 ва рӯзона 30 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва баамалоии раъду барқ дар ноҳияҳои куҳӣ ва доманакуҳ дар назар аст. Ҳангоми ба амал омадани раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Дар минтақаҳои куҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияи Дарвоз гармии ҳаво 26 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар нимаи аввали моҳ ҳаво шабона 18 ва рӯзона 35 дараҷа гарм, дар ноҳияи Дарвоз шабона 22 ва рӯзона 39 дараҷа гарм мешавад.
Нимаи дуюми моҳ пастравии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона 13 ва рӯзона 28 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 17 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳида шамол то 18-23 метр дар як сония мевазад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ