Моҳи январ хонандагони мактаб як ҳафта истироҳат мекунанд
Аз 1 то 7-уми январ хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ истироҳат мекунанд.
Ҷадвали нави таътил бо қарори Ҳукумати кишвар аз 28-уми марти соли 2024 тасдиқ шудааст. Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки камшавии рӯзҳои таътили тирамоҳу зимистон ва баҳории хонандагони мактаб дар Тоҷикистон аз ҳисоби зиёд кардани таътили тобистон сурат мегирад.
«Бо дарназардошти ин тағйирот, шумораи ҳафтаҳои таҳсил аз 36 то 35 ҳафта кам шуд. Дар ҳамин замина, чоряки чаҳорум на 14-уми июн, балки 31-уми май ба охир мерасад. Мувофиқи ин, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 1-уми июн оғоз меёбад», — гуфтанд аз вазорати маориф.
Соли хониш бе назардошти ҷамъбаст дар соли 2024/2025 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои якум — 34 ҳафта давом мекунад.
Ҳамин тавр, таътили тирамоҳ аз 1 то 7 ноябр, зимистон — 1 то 7 январ ва баҳор — 25 то 29 март идома меёбанд.
Ёдрас бояд шуд, ки қаблан хонандагон дар давраи таътилҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор 10 рӯз истироҳат мекарданд: 1 то 10 ноябр, 1 то 10 январ ва 21 то 31 март.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ