«Мо барои холҳо мубориза мебарем…»
Ҳарчанд ҳарифон қавиянд, аммо талош мекунанд тамоми тавоноии худро нишон диҳанд, мегӯяд сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23).
Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) баргузор шуд, ки ҳарифони мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардиданд.
Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), дар бораи натоиҷи қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки тими мо дар гуруҳи D бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ, АМА ва Япония бозӣ мекунад, изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, агар касе интизор буд, ки дар қисми ниҳоӣ рақибони заиф хоҳанд буд, хато мекунад. Дар айни замон беҳтарин дастаҳои олимпии Осиё ба Ӯзбекистон меоянд.
«Фикр мекунам, мо дар гуруҳи қавитаринҳо афтодем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА бузургҷуссаҳои футболи Осиё мебошанд. Дар моҳи июн тимҳои миллии ин кишварҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бозӣ намекунанд, аз ин рӯ, бозигарон метавонанд дар дастаҳои олимпии худ бозӣ кунанд»,- афзуд номбурда.
Ба андешаи мутахассис, ин вазъ ва замони бозӣ метавонад ба ҳайати миллипӯшони кишвар таъсир кунад.
Зеро, ба гуфти Эргашев, мушкилот дар он аст, ки замони баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон бо мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби миллӣ рост меояд.
«Тавре ба ҳама маълум аст, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар зиёда аз даҳ бозигари тими олимпӣ ҷалб шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ вазифаҳои худро дорад, ки барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебарад»,- гуфт сармураббӣ.
Дар ҳамин ҳол, Эргашев қайд кард, ки бо кадом таркиб ба Тошканд мераванд, ҳоло тасмим нагирифтаанд.
«Мо ҳар як ҳарифро ҳурмат мекунем, вале аз касе наметарсем ва дар назди касе намеларзем. Бачаҳои мо аллакай таҷрибаи бозӣ бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро доранд. Мо дар ҳар як вохӯрӣ барои холҳо мубориза мебарем ва кӯшиш мекунем, ки ҳама тавоноии худро нишон диҳем»,- таъкид кард сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ