Модаркалони наберабезор

Ман аз сабаби ҳалномаи нодурусти судя имрӯз ҳамроҳи се кӯдаки ноболиғам дар кӯча бесарпаноҳ мемонам. Бо айби кӣ? Бо айби модаркалони ана ҳамин кӯдакон, ки мехоҳад набераҳояш дар ба дар шаванд.

Ман аз сабаби ҳалномаи нодурусти судя имрӯз ҳамроҳи се кӯдаки ноболиғам дар кӯча бесарпаноҳ мемонам. Бо айби кӣ? Бо айби модаркалони ана ҳамин кӯдакон, ки мехоҳад набераҳояш дар ба дар шаванд. Гап дар сари он,ки ман соли 2005 ба Илҳомҷон, писари Гулҷамол Юсуфова ба шавҳар баромадам. Шавҳарам аз оғози хусусигардонӣ сокини хонаи модараш буд ва ин  хона аз се ҳуҷра иборат мебошад,ки дар суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 76/1, ҳуҷраи 57 қарор дорад.  Оилаи мо бо хоҳиши хушдоманам барпо гардида, дар аввал зиндагии хуб доштем. Ин то замоне буд, ки духтари  Юсупова, шаҳрванди Дания бо номи Элмоза Шаҳло  пайдо шуд ва даъво кард, ки моро аз хона ронанд. Аммо вақте ба воситаи суд муқаррар карда шуд, ки мо ҳам ҳаққи истиқомат дар ин хонаро дорем, онҳо бо роҳи дигар моро ронданӣ шуданд. Онҳо ба суд даъво намуданд, ки гӯё ман нисбати хушдоманам бадрафторӣ карда бошам. Ҳарчанд минбаъд ман дар асоси қонун аз ҷавобгарии ҷоноятӣ озод гардидам, аммо Юсупова боз ба даъвоҳи худ идома дода, ниҳоят дар суди ноҳияи Фирдавсӣ дастгирӣ ёфт. Ҳарчанд судя Ҳамидзода,ки худаш модар аст, ба эродҳои мо розӣ шуд, ва мо гумон доштем,ки  акнун оид ба кӯчондани ману оилаам дигар асосе намемонад, аммо ҳалномаи судӣ дар ин маврид бетағйир мононда шуд. Яъне ҳалномаи судӣ дар мавриди кӯчонидани оилаи мо ҳамроҳи се фарзанди ноболиғ бе додани манзил тасдиқ карда шуд. Яъне, судя Неъматуллозода коре кард,ки як оиларо бо ҳалномаи нодурусташ дар кӯча мононд. Бигзор ман гунаҳгор бошам, аммо фарзандони хурдсоли ман ва шавҳарам чӣ гуноҳ доранд,ки бибӣ ва модари  бераҳмашон онҳоро ба кӯча партофтанист? Мо бо ҳалномаи  суд соли 2016  ҳамчун сокини ҳамин хона эътироф гардида, ҳуқуқи истифода аз як қисмати ин хонаро доштем, аммо суд инро ҳам ба эътибор нагирифт. Яъне, суд дар марҳилаҳои гуногун бо қарорҳои беасоси худ моро бехонаю дар ва фарзандонамонро кӯчагӣ карданист. Гӯё асос ҳамин аст.ки мо бо модаркалони фарзандонамон, яъне, бибии Гулҷамол муноқиша карда бошем. Аммо ман ё шавҳарам нисбати ӯ ҷинояте накардаем ва дар ин бора далел нест, на санад аз ҷониби раиси хона, раиси маҳалла  ва ё ягон сохтори дигар  тартиб дода нашудааст.Хулоса,ҳоло мо танҳо ба умеди  сохторҳои болоӣ ҳастем, ки ин ҳалномаи беасосро бекор кунанд ва модаркалони беинсофро сари инсоф оранд.

Дилором Холматова,

сокини ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *