Модарон Путинро танқид карданду боздошт шуданд
Як гурӯҳи занон, ки президенти Русия Владимир Путинро ба куштори дастаҷамъона дар мактаби Беслан гунаҳкор карданд, дар ҷараёни маросими ёдбуд дар Осетияи Шимолӣ, ҳамроҳ бо ду журналист, ки эътирози занонро филмбардорӣ мекарданд, боздошт шуданд.
Эътироз рӯзи 1 сентябр, дар 12 умин солгарди фоҷеаи гаравгонгирӣ дар яке аз мактабҳои Беслан сурат гирифт, ки 334 нафар, аз ҷумла 186 кӯдакро кушта ба ҷо гузошт. Вақте занги нахустин рӯзи 1 сентябр дар назди харобаҳои мактаби рақами 1 садо дод, панҷ нафар аз модароне, ки фарзандонашон дар фоҷеаи соли 2004 кушта шуданд, болопӯшҳоро кашиданд то футболкаҳои худро, ки дар он Путин дар марги кӯдакон муттҳам мешуд ба намоиш гузоранд. Пулиси Русия ин занҳоро ба нақзи қонун алайҳи гиридҳамоии бидуни иҷозат муттҳам кард. Кормандони пулис ду зани хабарнигоро, ки ҳодисаро пӯшиш медоданд, боздошт кард. Яке аз онҳо гузоришгари «Новая Газета» ва дигаре хабарнигори сомонаи «Такие дела» буданд. Соли 2004 мусаллаҳони Исломӣ, асосан аз Чеченистон, ба мактаби Беслан ҳуҷум карданд ва 1200 нафар, талабаҳо, волидони онҳо ва муаллимонрроо гаравгон гирифтанд. Аксари қурбониён дар ҳоле ҳалок шуданд, ки неруҳои Русия бо зиреҳпӯш ба толоре ҳуҷум карданд, ки террористҳо дар он маводи тарканда гузошта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ