Моли дармонда кай ба соҳибонаш мерасад?

Ҳамасола дар Чин соли нави миллии худро ҷашн мегиранд ва дар арафаи соли нав то қариби ду моҳ марзҳоро мебанданд

Пас аз шикояти тоҷирони тоҷик аз банд мондани молҳои харидаашон дар марзи Чин, масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфтанд, ки мақомот барои ҳалли масъала бо Пекин музокирот доранд. Даҳҳо соҳибкор аз он шикоят карданд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро дар кишвар беравнақ кардааст.
Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, аз мушкили соҳибкорон дар овардани маҳсулот аз Чин огоҳӣ доранд ва барои ҳалли он гуфтугӯ бо Пекин идома дорад. Ҷумъахонзода афзуд, пеш омадани чунин вазъ на аз Тоҷикистон, балки аз Чин вобастагӣ дорад.
“Яке аз масъалаҳо пандемияи COVID-19 аст, ки инҷо нақш бозӣ кард. На танҳо Тоҷикистон, балки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя низ бо ин мушкил рубарӯ шудаанд. Ҳамчунин, ҳамасола дар Чин соли нави миллии худро ҷашн мегиранд ва дар арафаи соли нав то қариби ду моҳ марзҳоро мебанданд”, — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон. Вале тоҷирони тоҷик мегӯянд, ба хотири соли нави чинӣ, ҳамасола дар моҳҳои январ ва феврал марзҳо баста мешуданд, вале имсол ин вазъият ҳанӯз аз тирамоҳ оғоз шудааст. Гӯё ҷониби Чин ваъда додааст, ки моҳи марти имсол сарҳад боз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *