Духтурони порагир ба кор баргаштанд?

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Мирзоалӣ Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 41 нафар корманди соҳаи тандурустии вилоят барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ дастгир шудаанд.
Вай илова кард, ки ин шумора метавонад зиёд бошад, аммо то ҳол дар даст ҳамин қадар маълумот аст.
«Аз ин кормандоне, ки даст ба амали ғайриқонунӣ задаанд, қисме аз кор ронда шудаанду қисми дигар духтурон буданд, ки бо сабаби нарасидани табиб ҷарима шуда, дубора ба корашон баргаштанд», — гуфтааст Раҷабзода
Сардори Раёсати тандурстии вилояти Хатлон гуфтааст, ки соли гузашта дар вилоят 18 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтиданд, ки ин шумора нисбат ба соли пешин 3 ҳолат кам аст. Фавти модарон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Данғара, Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *