Фазлиддин Асозода

“Монолог”. Китоби Фазлиддин Асозода аз чоп баромад

Китоби нахустини рӯзноманигор Фазлиддин Асозода (Хоҷаев) бо номи “Монолог” аз чоп баромад. Китоб фарогири монологҳои навиштаи муаллиф мебошад, ки дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” ба нашр расидаанд.

Муҳаррири китоб Ҳадисаи Қурбон буда, дар сарсухани китоб ишора кардааст, ки “дар китоби муаллиф ҳикояҳои хеле аҷибу ҷолиби чеховмонанди кӯтоҳ паси ҳам меоянд. Ҳар ҷо — ҳар ҷо аз шеър низ шероза баста шудааст. Ҳикояҳо ҳар кадоме ба масоиле равона шудаанд ва яке аз дигарӣ пандомезтар мебошанд, ки ҳоло ба мо чунин матолиб чун боду ҳаво заруранд.

Пеш аз оғози ҳикоя, баъди сарлавҳа муаллиф мисрае ё панде аз афкори бузургони адабиёту донишмандони ҷаҳон меорад, ки аз онҳо дурру гуҳар мерезад.

Ҳикояҳои хурди сайқалёфта, ки дар асар ҷой гирифтаанд, аз парвози баланд ва таҷрибаву диди нависандагии муаллиф башорат медиҳанд. Тамоми ҳикояҳову назарҳо хонандаро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамоянд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *