табибони тоҷик

Табибони Тоҷикистон дар конгресси 17-уми осебшиносон-ортопедони Ҳиндустон

Як гуруҳ мутахассисони соҳаи тиби Тоҷикистон иборат аз табиб-травматологон, осебшиносон-раддодон дар конгресси 17-уми осебшиносон-ортопедон дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок карданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи иштирок дар конгресси мазкур мутахассисони Тоҷикистон ба академияи “Мерил”-и шаҳри Мумбайи кишвари мазкур ташриф оварда, бо раванди истеҳсоли технологияҳои муосири соҳавӣ шинос шудаанд.

Ҳамзамон, дар инҷо табибони Тоҷикистон бо рафти ивазкунии буғуми зону бо истифодаи робот ва ҳангоми ҷарроҳӣ дар мастер-класс ширкат варзидаанд.

— Зимни шиносоӣ табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти табобати беморон, омӯхтани усулҳои нави табобат мубодилаи афкор намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *