МТС: Қатли сайёҳон ташвишовар аст
Худойбердӣ Холиқназар роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки қатли сайёҳони хориҷӣ дар маҳали Себистони ноҳияи Данғара хеле ташвишовар аст, аммо наметавонад барои татбиқи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсири манфӣ гузорад.
-Ҳанӯз дар мавриди ин ҳодиса мақомоти қудратӣ маълумоти пурра ва дақиқ надодаанд, аммо ин ҳодиса ба воқеаи нохуш, ба садама монанд аст, ки дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад рух диҳад. Албатта, ҷиноят аллакай содир шудааст ва иштибоҳи он ҷавонон он аст, ки сайёҳонро баъди пахш кардан ба бемористон нарасонидаанд. – гуфт Худойбердӣ Холиқназаров.
Ёдовар мешавем, ки санаи 29 июл дар маҳали Себистони ноҳияи Данғара як гуруҳ сайёҳони хориҷиро бо мошин пахш карданд, ки дар натиҷа 4 нафари онҳо ҳалок ва 3 нафарашон захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ду зимни дастгир кардани ҷинояткорон ду як нафарро боздошт ва ду нафарро безарар гардониданд. Як нафари дигар аз гумонбаршудагон дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ