Муҳсини Фараҳбар: Ҷойи китобҳои Айниву Лоҳутӣ дар Эрон холист!
Дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кӯшиши пажӯҳишгар Муҳсини Фараҳбар китоби “Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” ба чоп расид. Нашри китоби мазкур бо дабираи форсӣ (алифбои мукотибаи устодон Айниву Лоҳутӣ) дар Эрон падидаи фараҳбахши фарҳангист. Мо бо таҳиягари ин китоб суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
— Суоли нахустинам ин аст, ки бо номи устодон Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ аз кай ошно шудед?
— Банда бори аввал бо номи Абулқосим Лоҳутӣ ба воситаи суруди машҳури “Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, ай меҳан!” бо садои ҳунарманди бузурги эронӣ Муҳаммадризо Шаҷариён ошно шудам. Вақте донишҷӯйи риштаи улуми сиёсии Донишгоҳи Розии Кирмоншоҳ будам, дар маҳаллаи Барзадимоғ сокин шудам. Он маҳаллае буд, ки Абулқосим Лоҳутӣ дар он ҷо, дар хонаводаи шоир ва шахсияти мавриди эҳтироми сокинони шаҳр Мирзо Аҳмади Илҳомӣ таваллуд шудааст.
Солҳо сипарӣ шуданд.
Соли 2009 банда бори нахуст ба Тоҷикистон сафар кардам ва дӯстон маро ба Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бурданд. Аз он замон шефтаи ин шахсият шудам. Вақте ба Эрон баргаштам, дар китобхонаи донишгоҳамон ҷустуҷӯ кардам ва китоби “Ёддоштҳо”-и устодро, ки тавассути равоншод Саидии Сирҷонӣ чоп шудааст, пайдо намудам. Аз мутолиаи ин китоб лаззат бурдам ва бештар ба шахсият ва эҷодиёти устод Айнӣ алоқа пайдо кардам. Вазъияти Бухоро дар замони амирони манғит, ки устод Айнӣ тасвир кардааст, ба вазъияти Эрон дар замони Қоҷор шабоҳат дорад. Соли 2019 ҳамчун корманди Сафорати Эрон ба Тоҷикистон омадам ва ин имкон дод, ки дар бораи Айнӣ бештар мутолиа кунам.
— Чаро маҳз мукотибаи Айниву Лоҳутӣ диққати шуморо ҷалб кард?
— Аз ибтидо равобити дӯстиву ҳамкории устод Айнӣ ва Лоҳутӣ бароям ҷолиб буд. Чун ин мавзуъро жарфтар омӯхтам, дарк кардам, ки ҷойи китоби номаҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ дар Эрон холӣ аст. Чун номаҳои ин устодон барои пажӯҳишгарони таъриху адабиёт ва равобити фарҳангиву адабӣ бениҳоят муҳиму муфиданд. Ин китоб дар Тоҷикистон аз соли 1978 то 2023 бо хати сирилик борҳо чоп шудааст, вале бо алифбои форсӣ дастрас набуд.
— Шумо дар асоси кадом нашр номаҳоро таҳияву чоп кардед?
— Китоби мазкур бори аввал соли 1978 аз тарафи академик Хуршеда Отахонова бо дастгирии марҳум Муҳаммад Осимӣ чоп мешавад. Вале бо далели шароити замона номаҳо дучори сонсур шуда, бахшҳое аз он ҳазф мегарданд. Соли 2003 равоншод Отахонова ин китобро муҷаддадан нашр мекунанд ва номаҳои ҳазфшударо то ҷое барқарор менамоянд. Соли 2023 мактубҳои устод Айнӣ бо кӯшиши Анзурати Маликзод ва Гулнор Усмонова нашр шуд. Ин нашри комилтарини номаҳо аст. Ман корамро аз рӯйи нашри нахустин, яъне чопи соли 1978 анҷом додам ва аз ҳамаи нашрҳои баъдӣ низ истифода кардам. Вале мабнои кори ман бар асоси асли дастхатҳоест, ки дар бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Осорхонаи Садриддин Айнӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аз фурсат истифода карда, аз директори институт, доктор Фарангис Шарифзода ва роҳбари Бунёди адабии Айнӣ Эраҷ Айнӣ сипосгузорам, ки имкон фароҳам оварданд, ки бо дастхатҳо кор кунам.
— Дар бораи вежагиҳои “Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ”, ки дар Теҳрон нашр шуд, ба хонандаи тоҷикистонӣ чанд ҳарф бигӯед.
— Китоби “Номаҳо…” шомили 91 нома ва телегроф аст. Банда зимни таҳияи номаҳо кӯшиш кардам, ки бо муқоисаи нашрҳо ва муроҷиа ба асли номаҳо ғалатҳоеро, ки дар чопҳои қаблӣ роҳ ёфтааст, ислоҳ намоям. Тасҳеҳоти хешро дар поварақ овардам. Ҳамчунин, бо хоҳиши банда бузургони илму адаби Эрону Тоҷикистон, аз қабили устодон Абдухолиқи Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Матлубаи Мирзоюнус, Кова Баёт ва Масъуди Ирфониён дар мавриди арзиши адабиётшиносӣ ва забоншиносии номаҳо мақола навиштанд, ки ҳамчун сарсухан вориди китоб шудааст. Илова бар ин, як мақолаи ҳамсари устод Лоҳутӣ Ситсилия Бонуро таҳти унвони “Дӯстии ду устод” аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо кардам, ки шомили ин китоб шуд. Як мусоҳибаи вежаи рӯзноманигори тоҷик Бурҳон Салмон бо Камол Айнӣ дар мавриди робитаи Айниву Лоҳутӣ ва нақши Лоҳутӣ дар наҷот додани Айнӣ аз тавтеаи солҳои 30-юм низ ба ин китоб шомил гардиданд. Ба ҷуз аз бартараф кардани ғалатҳои қаблӣ, вожагони барои эрониён душворро тавзеҳ, воқеаҳои таърихиро шарҳ додам, ҳамаи ашхосеро, ки дар ин номаҳо зикр мешаванд, бо шарҳи мухтасар муаррифӣ намудам ва гоҳшумори комили зиндагиномаи устодон Айниву Лоҳутиро таҳия кардам. Як бахши дигари китоб иборат аз аксҳоест, ки аз Лайло Лоҳутӣ, Заур Дахте ва Эраҷ Айнӣ ба даст овардам, ки баъзе то кунун нашр нашудаанд.
— Номаҳои Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ барои эрониён чӣ аҳамият доранд?
— Лоҳутиву Айнӣ натанҳо нависандаву шоир буданд, балки дар қуллаи илму фарҳанги навини тоҷикии форсӣ меистоданд ва худро низ дар ин замина масъул медонистанд. Дар номаҳо ба мизони аҳамияти масоили адабӣ, ҳамчунин, доираи дониши адабӣ, идрок ва равандшиносии ду шахсият пай мебарем. Муҳимтарин мавзуҳое, ки дар ин номаҳо матраҳ шуда, барои хонандаи эронӣ ва ҳам тоҷик ҷолиб аст, иборатанд аз масъалаҳои ҳаёти адабӣ ва вазъи адабиёти навини форсӣ-тоҷикӣ; масоили вобаста ба таърихи адабиёт ва равобити илмиву адабӣ миёни намояндагони адабиёти форсизабон; масъалаҳои забон, луғатнависӣ, истилоҳот, тозагӣ ва чигунагии забони муосири форсӣ-тоҷикӣ; таваҷҷуҳ ба таълифоти ҳамдигар, тақвият ва дастгирӣ дар ҷустуҷуҳои ҳунарӣ; ҷойгоҳи ҳар ду дар таъсиси иттифоқи нависандагон; ташкили корҳои адабии Тоҷикистон, даҳаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар Маскав ва ғайра. Аз мутолиаи номаҳо бармеояд, ки ҳар ду бузургон худро масъули хидмат ба қисмати адабии Тоҷикистон медонистанд, ғамхори вазъи зиндагӣ, саломатӣ, ҳолати иҷтимоии рӯзгори якдигар буданд ва хешро масъул дар сарнавишти ҳамдигар медонистанд, махсусан, дар даҳаҳои 20-30. Робитаи бародарона ва хонаводагӣ, муҳаббат ба фарзандони якдигар, ки ин устодон доштанд, дар воқеъ бисёр панодмӯз аст.
— Барои шинохти бештари устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар Эрон чӣ корҳое бояд сурат бигиранд?
— Барои шинохти бештари устодон Лоҳутӣ ва Айнӣ дар ибтидо кумак кунем, ки ин китоб ба дасти алоқамандони эрониву тоҷики ин ду шахсият бирасад. Китоб дар ихтиёри китобхонаҳо, донишгоҳҳо ва марокизи пажӯҳишӣ дар Эрону Тоҷикистон бошад ва муҳтавои ин номаҳо мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор бигирад.
Бахши умдаи осори устод Садриддин Айнӣ дар Эрон чоп шудааст. Китоби “Одина” — аввалин достони адабиёти навини тоҷикро банда тасҳеҳ кардам ва тавассути як ношири бузурги эронӣ ба зудӣ чоп хоҳад шуд. Иншоолоҳ дар оянда “Ятим”-ро ҳам мунташир хоҳам кард. Пажӯҳишгар Мустафо Бобохонӣ “Ёддоштҳо”-ро аз нав тасҳеҳ кард ва рӯзҳои наздик чопи нави он равонаи бозор хоҳад шуд.
Вале ин ҳанӯз кам аст. Осори дар Эрон чопнашудаи устод Айниро бояд дар Эрон нашр кард. Аз ҷумла, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, таҳқиқоташ дар мавриди Бедил, Камоли Хуҷандӣ, Мир Алишери Навоӣ, Саъдии Шерозӣ ва ғайра дар сурати ҷудогона бо шарҳу тафсир бояд дар Эрон чоп шавад.
Ҳамчунин, ҷойи чанд китоби устод Лоҳутӣ дар Эрон холист, аз ҷумла “Куллиёт”-и 7-ҷилда, ки тавассути Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ нашр шудааст, бояд ба хати форсӣ низ чоп шавад. Ҳамчунин ашъори ошиқона ва ватании Лоҳутӣ, аз қабили “Эроннома”, “Наврӯзнома” ва “Лаолӣ”, ки дар Туркия чоп шуда буд, ба сурати маҷмӯа дастраси хонандагони эронӣ бояд шавад.
Мавриди зикр аст, ки куллиёти номаҳои Айнӣ низ дар Эрон ҷояш холӣ аст. Банда азм дорам, ки ин китобро чоп кунам. “Куллиёт”-и номаҳои Лоҳутиро ҳам, банда алакай хатгардонӣ кардам ва умедворам то поёни соли равон ба дасти хонанда расад.
— Шумо ин ҳама бо ҳарорат дар бораи устодон Айниву Лоҳутӣ суҳбат мекунед…
— Зеро барои банда Лоҳутӣ ва Айнӣ намоди равобити Эрону Тоҷикистонанд, ки фарҳанги муштарак, забони муштарак, таърихи муштарак, устураҳои муштарак моро пайванд додааанд ва он ногусастанист. Ин ду шахсият ҳамвора дар зеҳни тоҷикон ҷойгоҳи воло доранд. Эшон дар ҳифз ва густариши забони форсӣ нақши вофир доштанд, махсусан, дар даврони сахти шӯравӣ. Банда хушбахтам, ки гоми кӯчаке дар муаррифии хадамоти бузурги ин ду шахсият дар Эрон бардоштам.
Мусоҳиб: Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ