Муаммои имло. Ё вақте «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ғалат аст…

Ҳар сол дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар муассисаву корхонаҳои кишварамон чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ва сиёсиву адабӣ баргузор мегарданд, ки мақсад аз баргузории онҳо арҷ гузоштан ба забони давлатӣ мебошад. Албатта, гиромӣ доштану арҷгузории забон кори хайру нек аст, вале дар амал забондон будан аз он беҳтару хубтар мебошад.

Имрӯз агар ба сатҳи забондонии мардум назар андозем, мебинем, ки вазъ чандон хуб набуда, сол то сол махлутшавии забон аз ҳисоби забонҳои аҷнабӣ зиёд шуда истодааст. Вақте ба мутолиаи осори гузаштагонамон мепардозем, мебинем, ки эшон забони хешро басо тозаву беолоиш нигаҳ дошта, дар сатҳи баланд медонистаанд ва тамоми талаботи меъёрию таърихии онро низ хуб риоя мекардаанд.

Дар тамоми давраҳои тараққиёти инсоният фазилат ва дараҷаи фарҳангнокии шахсро аз рӯйи хуб донистани забон, беғалат навиштан ва босаводона сухан гуфтани ӯ муайян мекардаанд.

Имрӯзҳо меъёрҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз тарафи баъзе шаҳрвандони ҷумҳуриамон бинобар сабаби огоҳ набудан аз тарзи дурустнависӣ, якҷоя ё ҷудо навиштани ҳиссаи калимаҳо, бо тире ё нимтире навиштани вожаҳо, тарзи дуруст талаффуз кардан ва ё аз сатр басатргузаронии ҳиссаи калимаҳо риоя намегардад. Доир ба ин мушкилию муаммоҳо аз ҷониби олимони забондон ва донишмандони соҳа дар матбуоти даврӣ матлабҳои ҷолиб ба нашр расида бошанд ҳам, мутаассифона, вазъият то ҳол ҳамон хел идома дорад.

Вақте китобати имрӯзиёнро бо талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2021) муқоиса мекунем, дар матни навиштаи баъзеи онҳо имлои носаҳеҳу ғалат ба назар мерасад. Масалан, дар боби дуюми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар хусуси бо ҳарфи «и»-и ноустувор (и) навиштани калимаҳо чунин зикр гардидааст: «Дар охири ҷонишинҳо меояд: ҳар ки, ҳар чи ва ғайра» (ҳамон ҷо, саҳ. 6). Вале дар мавриди ифодаи овози и-и устувор (ӣ) омадааст, ки «дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?; кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғайра» овози и-и устувор, яъне ҳарфи «ӣ» навишта мешавад» (ҳамон ҷо, саҳ. 7). Мардум, чун одат, аз рӯйи қоидаҳои пештара ҷонишинҳои ҳар ки, ҳар чиро, ки ифодагари шахс мебошанд, бо ҳарфи и-и устувор, яъне бо ҳарфи ӣ мехонанду менависанд.

Носаҳеҳии дигари «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар навишти овозҳои ноустувори у, устувори у, устувори дарози ӯ низ дар миёни мардум мушкилӣ эҷод намудааст. Дар «Қоидаҳо…» омадааст, ки «дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуъ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра» (ҳамон ҷо, саҳ.5-6) ҳарфи у навишта мешавад.

Аз гуфтаи боло бармеояд, ки «Қоида…» талаб мекунад, ки калимаҳои арабии дар таркибашон ҳарфи вовдошта ҳам бояд бо ҳарфи «у»-и ноустувор (яъне у-и кӯтоҳ) навишта шаванд, вале калимаҳои арабие ҳастанд, ки таърихан дар таркибашон ҳарфи «вов»-и маъруф доранд ва ҳамчун «у»-и устувори дароз талаффуз мешаванд. Масалан, калимаҳои мӯъмин, рӯҳ, маҷрӯҳ, ӯвло, мӯъзӣ ва ғайраро, ки дар таркибашон ҳарфи вови маъруф доранд, имрӯз ҳайронем, ки бо кадом ҳарфи вов (у ё ӯ) нависем?!

Имрӯзҳо аксар омӯзгорону қаламкашон аз ҳарфи ӯ қариб ки парҳез карда, дар аксар мавридҳо онро истифода намекунанд. Ин амали онҳо мақоли халқии ба хотири як кайк пӯстин оташ заданро пеши назар меорад. Мураттибони «Қоидаҳои имло…» аз калимаҳои арабӣ ҳарфи ӯ-ро ҳазф кардаанд, пас таваҷҷуҳ намоед, ки оё ҳиссаи (рӯҳи) калимаҳои гурӯҳ, маҷрӯҳ, рӯҳ як хел талаффуз намешаванд? Модоме ки онҳо як хел талаффуз шудаву оҳангнокиашон низ мусовист, пас ин қабил калимаҳо бояд бо ҳарфи ӯ-и устувори дароз, яъне дар шакли маҷрӯҳ ва рӯҳ навишта шаванд.

Инро набояд фаромӯш кард, ки адибони гузаштаи тоҷику форс калимаҳои дар таркибашон ҳарфи вови маъруфу маҷҳулдоштаро ба ҳайси қофия (гесу, ҷоду, абру, ҳинду, маҳрӯ, оҳу, бозу) ва радифи шеър низ истифода мекарданд.

Дар хазинаи луғавии забони тоҷикӣ калимаҳое ҳастанд, ки аз чунин тарзи навишт маънояшон дигар мешавад. Масалан, агар мо калимаҳои зону, неру, бону, абру ва ғайраро бо у-и устувори у нависем, пас калимаҳои орӯ, некӯ ва абрӯро низ бо ҳарфи у менависем. Калимаи неку, ки маъноҳои хуб, нағз, хушрӯй зебо, аъло, беҳ, арзандаро дорад, оё дар навишт бо ҳиссаи аввали таркибҳои неку бад, неку хуб, неку зишт яксон наменамояд? Ё худ вожаи абруро гирем, ки маънои лаҳҷавияш қош мебошад, оё дар навишт бо ҳиссаи аввали таркибҳои абру борон, абру бод як хел навишта намешавад? Ё вожаи ору (занбӯри асал)-ро гирем, ки бо ҳиссаи аввали таркибҳои ору номус, ору нанг як хел навишта намешавад? Хонанда ҳангоми мутолиаи китоб фарқияти онҳоро танҳо аз рӯи мантиқ дарк мекунад, вале дар имло онҳо аз ҳамдигар фарқ намекунанд.

Ҳамчунин дар навишти калимаҳои дур (гавҳар) ва дур (масофа), мардум ба фарқияти онҳо сарфаҳм намеравад. Мутаассифона, ин талаботро ҳам мураттибони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба назар нагирифтаанд.

Носаҳеҳии дигари «Қоида…» ҳангоми навиштани ҳарфи ъ (ъайн) низ ба мушоҳида мерасад, ки дар он омадааст: «Дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол, таъин навишта намешавад» (ҳамон ҷо, саҳ. 10).

Суоле бармеояд, ки чаро дар миёни садонокҳои ду калима (фаъол ва таъин) навиштани ҳарфи (ъ) ъайн раво будаасту дар дигар калимаҳо овардани он мамнуъ?

Дар бисёр ҳолатҳо мардум талаботи боби 5-уми «Қоида…»-ро риоя накарда, исмҳои мураккаби бо воситаи миёнвандҳои -у- ва -о- сохташударо ба назар нагирифта, ҷузъҳои калимаҳои «гуфтушунид», «рафтуомад», «сарулибос»,  «сарупо», «сарутан», «сарукор» ва ғайраро аз ҳам ҷудо-ҷудо менависанд, ки нодуруст аст.

Бисёр вақт мардум исмҳои таркибии модар-ватанро бе ягон зарурат бо ҳарфҳои калон менависанд, ҳол он ки ин калимаҳо дар банди 17-и «Қоидаҳо…» бо ҳарфи хурд оварда шудаанд.

Аксар вақт мардум ҳангоми суханрониҳои хеш калимаҳои «зебоӣ», «доноӣ» ва «миннатдорӣ»-ро дар шакли «зебогӣ», «доногӣ» ва «миннатдоргӣ» мегӯянду менависанд, ки бисёр зишт менамояд.

Ҳамчунин калимаи «муҳим»-ро дар ҳолати калимасозӣ бо як ҳарфи «м» менависанд, ки хилофи қоидаҳои имлост.

Аз ноогоҳии шаҳрвандон имрӯзҳо дар ҷумҳуриамон як падидаи нораво роиҷ шудааст, ки ба овезаҳои ошхонаҳои хурду бузурги хеш таркиби «ошхонаи миллӣ»-ро насб кардаанд. Ҳол он ки, ин таркиб хосси муассисаҳои бузургу машҳур ва ягонаи ҷумҳуриявӣ мебошад. Чунончи, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дави миллӣ ва ғайраро бо унвони миллӣ ном мебаранд. Масъулини соҳаро зарур аст, ки ба чунин ҳарҷу марҷҳо таъсир расонанд, то ҳар кас пояшро ба андозаи кӯрпааш дароз намояд.

Имрӯзҳо мардум аз рӯи одати пешина баъзе бандҳои баҳсталаби «Қоидаҳо…»-ро аз ноогоҳӣ ва ё огоҳона риоя намекунанд. Масалан, дар боби «Имлои исм», банди 23 бо ҳарфи калон навишта шудани исмҳо чунин омадааст: «Ҳарфи аввали исмҳои хоси… ҷирмҳои кайҳонӣ (номи… сайёра) Офтоб, Моҳ, Замин, Зуҳра, Зуҳал ва ғайра» (ҳамон ҷо, саҳ. 19-20) калон навишта мешаванд. Ҳатто худи мураттибони «Қоидаҳо…» низ ба гуфтаҳои хеш амал накарда, дар чанд маврид дар матни «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» калимаҳои «Қамар» ва «Замин»-ро, ки исми ҷирмҳои кайҳонианд, бо ҳарфи хурд овардаанд. Масалан, дар банди 11-уми боби 4-уми «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ҳангоми мисоловарӣ дар фасли «Аломати вергул» матнеро бидуни зикри муаллиф овардаанд, ки дар он калимаи хосси ҷирми кайҳонии Қамар бо ҳарфи хурд навишта шудааст: «Бар қуббаи заррини қамар оҳиста-оҳиста сояи сиёҳ хазидан гирифт, то он ки се ҳиссаи онро тамоман пахш кард» (ҳамон ҷо, саҳ. 51).

Ё худ дар боби 5-уми «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» зимни ба фасли «Аломати нуқтавергул» овардани мисол матнеро аз китоби устод Садриддин Айнӣ намуна овардаанд, ки дар он калимаи «Замин» бо ҳарфи хурд омадааст: «Падар, то вақте ки чашмаш кор мекард, ба болои чархи осиё кор кард, аммо он рӯз аз ҳаррӯза барвақттар рӯз торик шуд; бод шиддат карда, аз ҳавои гарду ғуборолуд регборон сар шуд; рег монанди борон борида, дар андак фурсат рӯйи заминро регфарш кард…» (ҳамон ҷо, саҳ. 54). Дар фасли 3 «Имлои ҳамсадоҳо» дар банди 11 зимни баёни дар байни ду садонок наомадани ҳарфи ъ калимаи Офтоб бо ҳарфи хурд нигошта шудааст.

Ҳамчунин банди 55-и фасли «Имлои нидо» чунин омадааст: «Нидоҳои таркибӣ ҷудо навишта мешаванд: сад дареғ, сад афсус, бисёр афсус, сад ҳайф, во дареғо, ҳай дареғ, э вой ва ғайра» (ҳамон ҷо, саҳ. 37).

Ин банди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҷомеаро қаноатманд накардааст, ки то ба имрӯз мардум ҳангоми навиштаҳои хеш вожаи «афсус»-ро дар шакли «афсӯс» ва исмҳои хосси «Офтоб», «Моҳ», «Замин», «Моҳтоб», «Шамс», «Қамар»-ро бо ҳарфҳои хурд менависанд. 

Ин гуна нофаҳмиҳо дар навишти калимаву таркибҳои «фуру» ва «фурӯ», «савол» ва «суол», «рустанӣ» ва «растанӣ», «пурсу пос» ва «пурсупос», «на фақат» ва «нафақат», «абру» ва «абрӯ», «доругир» ва «дору гир» низ ба назар мерасанд.

Ҳамчунин дар фасли «Аломати сенуқта» (…) зимни мисоловарӣ барои банди шашум аз матни овардашуда баъди ҷумлаи суолӣ сенуқтае, ки бояд ҳамчун сукути шахси мухотабқароргирифтаро баён намояд, афтидааст ва ҳамчунин дар оғози ин диалог ба ҷойи тире нимтире оварда шудааст. Чунончи:

«-Ту ҳезумкаш бошӣ, дос, арғамчин ва харат куҷост?»

(?)

— Чикораӣ?

— …

Амин дид, ки аз бандӣ ҳеҷ садое намебарояд, ба яке аз одамони худ нигоҳ карда фармон дод. (Садриддин Айнӣ)

Дар фасли «Аломати нохунак» («») зимни овардани намунаи матн аз Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, номи шоирро бидуни ташдиди ҳарфи р дар шакли «Абдураҳмон» (ҳамон ҷо, саҳ. 63) овардаанд, ки хилофи қоидаи имлост.

Мураттибони «Қоидаҳо…» дар банди сеюми фасли «Нимтире» (-) ҷойи гузоштани онро чунин таъйин кардаанд. Яъне нимтире (дефис) дар байни «исмҳое, ки ҷузъи дуюми онҳо маънои мустақил надоранд: нон-пон, бача-кача, чой-пой, бозор-мозор, қанд-панд, тахта-пахта ва ғайра» (ҳамон ҷо, саҳ. 66) гузошта мешавад.

Агар ба таркиби дар боло овардаи «исмҳое, ки ҷузъи дуюми онҳо маънои мустақил надоранд»-и «Қоидаҳо…» аз рӯи мантиқ назар андозем, суоле пайдо мешавад, ки оё ҷузъи дуюми ҳамаи онҳо маънои мустақил надоранд? Оё ҷузъи дуюми исмҳои дар боло овардашудаи «чой-пой», «қанд-панд», «тахта-пахта» маънои мустақил надоранд?

Мураттибони «Қоидаҳо…»-ро лозим буд, ки ҳангоми ибрози матлаб ва ё мисоловарӣ ба мантиқи сухан, таҷрибаи ниёгон, тарзи навишту талаффуз ва дигар паҳлуҳои сухан аҳамияти ҳаматарафа дода, баъдан ҳукм мебароварданд, то суханашон боэътимоду пойбарҷой мемонд.

Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА, номзади илмҳои филологӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *