Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар Душанбе

Рўзи 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дастаҳои Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 рўзи 7-уми октябр бо тими Ҳиндустон бозӣ мекунад. Дастпарварони Пайрав Воҳидов 9-уми октябр дар даври дуюм бо футзалбозони Фаластин рақобат карда, дар даври ниҳоӣ, рўзи 11-уми октябр бо тими Мянмар вомехўранд.

Ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин, ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15 то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *