Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Узбекистон

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов доир шуд.

Абдулло Орипов 11 март барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллар расидааст, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст.

Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “нерӯи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Баррасии роҳҳои густариши робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати ҷонибҳо буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *