“X-Fit Premium Dushanbe” чаро дарҳояшро ба рӯи муштариён баст?

Толори варзишии “X-Fit Premium Dushanbe” дар саҳифаи фейсбукии худ эълон кард, ки шуруъ аз 11 март дар ҳавзҳои шиноварии занона ва мардона корҳои азнавсозӣ ва профилактикӣ гузаронида  мешаванд.

Аммо ин маҷмааи варзишӣ кай дубора ба кор шурӯъ кардани худ чизе нагуфтааст.

Муштариён аз ин иқдоми маҷмааи варзишӣ норозогӣ намуда, мегӯянд, ки  бастани дари ҳамомхонаҳо  як ҳолати комилан антисанитарӣ ва поймол кардани ҳуқуқҳои асосии муштариён аст.

Шерзод Рустамов, аъзои ин клуби варзишӣ навиштааст, ки “Шумо метавонед дарвозаи  сауна ва ғайраро пӯшед. Вале душҳоро бастан тамоман поймол кардани ҳуқуқи мост. Яъне, одам ҳамин тавр ба машқ меояд ва бояд душ қабул кунад, ин меъёрҳои асосии санитарӣ мебошанд. Оё шахсе, ки душ нагирад, машқро бо арақи бӯйнок тарк кунад? Ин як ҳолати комилан антисанитарӣ ва поймол кардани ҳуқуқҳои асосии муштариён аст”.

Аъзои дигари клуб аз он шикоят кардааст,ки эълони баста шудани ин қисматҳо танҳо дар “фейсбук” нашр шудааст ва онҳое, ки ин шабакаро надоранд чӣ кор бояд кунанд.

 -Ман ҳам рӯзи ҷумъа ва ҳам рӯзи шанбе ба клуб омадам, дар қабул эълон набуд. Бо сабабҳои дигар, шӯъбаи фурӯши онҳо пайваста занг мезанад ва хидматҳои муайянро пешниҳод мекунад, аммо дар ин ҷо ҳеҷ чиз фиристода намешавад. Шумо бояд ба саҳифаи Facebook равед ва дарк кунед.

X-Fit Premium Душанбе сабаби баста шудани қисматҳои худро барои таъмир гуфтааст.

-Дар бораи таъмири душ-хонаҳо бисёр талабҳо омаданд! Мо барои роҳати ояндаи шумо баста шудем! Таъмир ва иваз кардани қубуру душ давом дорад! Мо ба зудӣ санаи ифтитоҳро ба шумо хабар медиҳем.

Дар ин сурат, чаро варзишгоҳ мӯҳлати корти аъзоёнашро аз ҳисоби худаш дароз намекунад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *