Вақте ки рисолату масъулият тавъаманд

Аз даврони шӯравӣ то ба имрӯз хеле зиёд бо роҳи Душанбе -Хуҷанд тавассути нақлиёти рӯизаминӣ сафар кардаам.  Воқеан ҳам, дар ин масофаи тӯлонӣ (358 километр) мушкилоту нороҳатӣ зиёд буду пештар дар ҳафт — ҳашт соат ин масирро мепаймудед. Хушбахтона, ба шарофати азнавсозӣ ва ободии роҳҳо, аз ҷумла дар масири Душанбе — Хуҷанд вазъ комилан дигаргун шуд.  Акнун мумкин аст ин масофаро дар чор – панҷ соат тай кунед.

Бунёду таҷдиди роҳ кори муҳиму арзишманд ва савоб аст. Аммо бе нигоҳубини хуби роҳҳо он самараовар нахоҳад буд. Махсусан дар шароити кӯҳистон роҳҳо нигоҳубини мунтазамро талаб мекунанд. Дар ин бобат таҷрибаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили зикр аст, ки 15 сол инҷониб  нигоҳдории  роҳи мазкурро ба зимма дорад. Вақт исбот кард, ки фаъолияти «IRS»  манфиатовар аст ва саҳми он дар рушди иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт арзанда мебошад.  

Тибқи маълумоти Маркази матбуоти  ширкати мазкур, аз оѓози фаъолият аз ҷониби «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо ин мақсад зиёда 280595 тонна асфалт сарф карда шуд. Дар ин муддат нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ гардид. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд. Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 218 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Дар давоми фаъолияти «IRS», бо вуҷуди мунтазам будани лағжиши кӯҳпора, омадани сел, фуруравии баъзе қисмати роҳ  ва фаромадани тармаҳои бузург таъмини будани ҳаракати нақлиёт дар ин масир арзандаи ситоиш аст. 

Тавре ишора кардем, аҳамияти роҳи Душанбе — Чаноқ ба сифати пойгоҳи асосӣ барои таъмини фаъолнокии иқтисодии мамлакат низ зиёд аст. Барои мисол, солҳои 2009 — 2018, замони мавҷудияти маҳдудияти марзӣ ҳама молу мавод ва маҳсулот тавассути ин роҳ интиқол дода мешуд. Аз ин бармеояд, ки роҳи моҳияти стратегидошта дар раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.

— Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат, бо вуҷуди он ки маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, барои гузариши нақлиёти гаронвазне, ки ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ангишт мекашанд, чунин маҳдудият ҷорӣ нашуд. Ҳол он ки ин иқдом боиси осеб дидани масофаи зиёди роҳ ва хароҷоти бениҳоят зиёди «IRS» гашта истодааст. Бо ин амал «IRS» дар омодагӣ ба зимистонгузаронии сокинони пойтахт то андозае  саҳм гузошт.

«Дар кишвари мо солҳои аввали ҷоришавии ин иқдом бо  бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд. Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим рабт дорад… Бо дарки масъулият мегӯям, ки, фаъолияти хуби  «IRS» ба ҳама ҳувайдост». Ин аз андешаи роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдории ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор Бурӣ Каримов аст, ки иқтибос намудем.  Ба ин суханон чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *