Дар Ҳисор мактабе ба номи Акбари Саттор гузошта мешавад

Дар шаҳри Ҳисор мактабе ба номи рӯзномагори зиндаёд Акбари Саттор гузошта мешавад.

Ин дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик садо додааст. Ӯ дар ҳузури рӯзноманигорону адибон изҳор дошт, ки номи рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор дар муассисае, ки таҳсил намуд, муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 25- и деҳаи Мортеппа гузошта мешавад.

Қосим Роҳбар ба масъулони комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур додааст, ки лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор омода намоянд.

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (ДМТ) ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград аст.

Соли 1990 аввал дар рӯзномаи «Тоҷикистони Шӯравӣ», баъд дар рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси мухбири махсус ва аз соли 1991 то моҳи ноябри соли 1994 ҳамчун мудири шӯъбаи сиёсат, ҳуқуқ ва ҳаёти байналмилалӣ ифои вазифа намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1994 то рӯзи вафот муассис ва сармуҳаррири нашрияи «Чархи гардун» буд. Солҳои тӯлонӣ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ буд. Акбари Саттор соли 2015 дар синни панҷоҳсолагӣ вафот кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *