Тафсилоти ҳабси роҳбарони марказҳои дилхушии «РМС” ва «Ориён»

 Роҳбарони марказҳои дилхушии «РМС” ва «Ориён» барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд.

7-уми марти соли ҷорӣ, соати 23.00 дақиқа зимни баргузории чорабинии кормандони мақомоти милитсияи вилояти Хатлон муайян карда шудааст, ки масъулони марказҳои дилхӯшии «РМС» ва «Ориён»-и шаҳри Бохтар тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, оддитарин талаботҳои қонунгузориро риоя намекунанд.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ намудани ҳуҷҷатгузорӣ фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ қатъ ва дари онҳо мӯҳр зада шудааст.

Дар идомаи чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардидааст, ки бо гузашти як шабонарӯз масъулини марказҳои дилхӯшии болозикр ба ҷои ислоҳи камбудиҳо худсарона дари мӯҳрбандшударо кушода, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон:

Муминов Ҷовид Ҳамидович, санаи таваллудаш 13.07.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино, роҳбари маркази дилхушии «РМС»-и шаҳри Бохтар;

Давлатов Шарифҷон Умедҷонович, санаи таваллудаш 31.12.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, маъмури маркази дилхушии «Ориён» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамин тавр, 11 март бо қарори суд нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *