Довталаб – 2024. Киҳо имтиёз доранд?

Шуруъ аз аз 1-уми марти соли равон дар Тоҷикистон давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) — 2024 оғоз гардид. Имсол ҳам арзиши иштирок ва хизматрасонӣ барои довталабон боло рафтааст.

Чаро нархҳо боло рафтанд?

Аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) хабар доданд, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ дар соли 2024 боло рафтааст.

Тибқи иттилои ММТ, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) бошад, 230 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳол он ки, соли 2020 ин маблағ 300 сомонӣ ва 210 сомонӣ буд.

Ҳамчунин, аз ММТ хабар медиҳанд, ки дар ҳолати тағйир додани интихоби ихтисос дар давраи асосӣ, барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд 30 сомонӣ пардохт кунад. Ин маблағ дар соли 2023-юм 25 сомонӣ буд.

Бояд қайд кард, ки соли 2023 низ арзиши хидматрасониҳои ММТ нисбат ба соли 2022 аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд.

Вале аз ММТ далели боло рафтани нархҳоро шарҳ надоданд.

Киҳо имтиёз доранд?

Аз ММТ хабар медиҳанд, ки имсол гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёздошта зиёд гардидааст.

Шахсоне, ки барои пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёз доранд:

— шахсони то 22-сола, ки ятими кул ё бепарасторанд, кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки яке аз волидонашон вафот кардаанд, падар ё модари танҳо ё маъюб доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд;

— кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, шахсони то 22-сола, ки нимятиманд ё падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад, аз пардохти  50 % маблағ озоданд.

Ҳамчунин…

ММТ таъкид мекунад, ки маблағҳои муайяншударо довталаб бояд тавассути БДА “Амонатбонк” ё барномаи мобилии “Амонат мобайл” пардохт намуда, расидро бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ММТ пешниҳод кунад.

Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро ММТ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас карда, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Мавриди зикр аст, ки давраи асосии бақайдгирии довталабон то 30-юми апрел давом мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *