Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми панҷумро гирифт

Дирӯз дар Пажӯҳишгоҳи омӯзиши мушкилоти Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари байнулмилалӣ дар мавзӯи «Муаррифии натиҷаҳои Рейтинги солонаи дӯстии низомҳои иртиботӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ» баргузор гардид.

Дар ин мизи мудаввар инчунин муовини директори Институти миллии тадқиқотии рушди алоқа, доктори илм Валентина Вячеславовна Комлева баромад кард. Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар раддабандии дӯстии шеваҳои муошират дар ҷои панҷум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баррасии Рейтинги дӯстонаи низомҳои иртиботӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, ки аз ҷониби Институти миллии тадқиқотии рушди алоқа (НИИРК, Маскав) таҳия шудааст, инчунин пешниҳоди арзёбии экспертии тағйирот аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *