Мулоқоти Муҳсинзода бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии сардори сарраёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ мулоқот намудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, нахуст Ғафур Муҳсинзода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз доштааст, ки имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар марҳалаи рушд қарор доранд.
— Дар идома ҷонибҳо доир ба масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ