Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Нахуст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
“Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мардуми худро мебинем. Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина барои мо ҳамеша рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст” — иброз дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҷонибҳо аз афзоиши бемайлони ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ки бо суръати баланд идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, баррасӣ шуд.
Афзоиши минбаъдаи сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод ва зеҳни сунъӣ амри зарурӣ дониста шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо ва минтақаҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.
Бумисозии истеҳсоли “технологияҳои сабз”, хусусан, мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии ҳушманд аз самтҳои дигар ва ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ, дорусозӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳои ҳамкорӣ табодули андеша намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ