Муносибати мо ба ҳамсоякишвар хубтар шудааст

 Дар як соли охир дар марз бо Ӯзбекистон ягон арзу шикояти сокинон ба қайд гирифта нашудааст. Алихон Рустамзода, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода гуфт, ки ҳоло шаҳрвандон тариқи транзитӣ ба ҷумҳурии ҳамсоя мегузаранд ва ягон мушкилие мавҷуд нест.

 Рустамзода мегӯяд, солҳои қаблӣ ҳангоме, ки сокинони Суғд қасди сафар ба Ӯзбекистонро доштанд ҷониби ҳамсоякишвар дар гузаргоҳҳо нақлиёти онҳоро тафтиш ва то ҳатто дару чархҳои нақлиётро меканданд. Аммо чунин ҳолатҳо ҳоло мавҷуд набудааст.

 Сокинони Тоҷикистон тариқи виза ё раводид сарҳадро убур карда ба Ӯзбекистон мераванд ва бино ба гуфти раёсати гумрук ҳоло ҷонибҳо барои барҳам додани раводид корбарӣ карда истодаанд.

                                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *