Суғд: 22 шикоят аз амалҳои кормандони Раёсати адлия
Ба гуфтаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Тӯрахонзода Баҳоваддин Баҳодур ба Раёсати адлияи вилояти Суғд 22-нафар шаҳрвандон оиди норизо будан аз амалҳои кормандони зерсохторҳои Раёсат дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 2 муроҷиат нисбати натариуси давлатӣ ва 20 муроҷиати дигар нисбати иҷрочиёни суд мебошад.
“Муроҷиатҳои номбурдагон аз тарафи масъулини Раёсати адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба кормандони зерсохторҳои Раёсат тавсияи супоришҳои зарурӣ дода шудааст”-афзуд Тӯрахонзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ