Муовини нави ректори ДМТ. Нилуфар Имомзода кист?
Нилуфар Имомзода муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Ҷамила Раҳмоноваро, ки солҳои зиёд муовини ректор оид ба тарбия буд, иваз кард.
Нилуфар Имомзода 40 сол дошта, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2006 — 2008 дар кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии ДМТ ва сипас 2008 — 2010 дар шуъбаи ҳуқуқи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2010 — 2012 мутахассиси пешбари Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, 2012 — 2015 котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз соли 2015 то таъин шудан дар мақоми муовини ректори ДМТ дотсенти кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва ҳамзамон мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст.
Нилуфар Имомзода соли 2022 дар мавзӯи «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 1 монография мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ