Бохтар: Хатмкунандагон ихтиёрӣ ба Артиш пайвастанд

Имрӯз 123 донишҷӯйи хатмкунанда аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба Артиш пайвастанд. Онҳо баъди супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Бахши маркази таҳлилӣ ва иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зикр кардааст, ки «ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ чун ворисони арзанда идома меёбад».

Ба иттилои расида, 55 хатмкунанда аз факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, 16 нафар аз факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, 16 нафар аз факултети техникӣ ва технологӣ, 15 хатмкунанда аз факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ ва 10 нафар аз факултети молиявию иқтисодӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки боз ҳам хатмкунандагони дигари факултетҳои донишгоҳ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *