Ёде аз Хушназар Майбалиев дар Вазорати фарҳанг

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар доираи Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту — 2023” ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев дар толори вазорат мизи мудаввар таҳти унвони “Хушназар Майбалиев — арбоби барҷастаи санъати тоҷик” баргузор гардид.

Дар фестивал-озмун муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назариён ва аҳли ҳунар, санъатшиносон, театршиносҳо ва шогирдону пайвандони ин марди наҷиб иштирок кардаанд.

“Дар ҳамоиш театршиноси шинохтаи ҷумҳурӣ, номзади илмҳои таърих Муҳаммадулло Табаров, адиб ва фарҳангшинос Тилло Некқадамов, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров ва Турахон Ахмедхонов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толиб Бобоев, номзади илмҳои санъатшиносӣ аз шаҳри Самарқанд Баҳора Хуррамова, роҳбари намояндагии “Россотрудничество” И. С. Иванов суханронӣ намуданд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳадаф аз ин ҳамоиш ёд кардани кору рӯзгори устод Хушназар Майбалиев, баррасии нақши вай дар такомули санъати театри тоҷик, хоса мактаби коргардонӣ ва ҳунари актёрӣ дар марҳилаи кунунӣ гуфта мешавад.

Дар поёни ҳамоиш китоби тозанашри “Нобиғаи театр” ба ҳозирин шиносоӣ ва тақдим карда шудааст, ки аз хотирот, андешаҳо ва сипосномаи ҳамкорону шогирдони ин ҳунарпешаи зиндаёд иборат буда, саҳми ӯро дар рушди санъати театр ва тайёр намудани шогирдони сазовор инъикос менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *