Муроҷиати Рустам Хоҷаев ба мухлисони футбол: Бароямон болу пар шавед!

Дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) нишасти матбуотии пеш аз бозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, сармураббии Клуби футболи «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “пеш аз бозӣ мо бо рақобат бо тими «Суғдиёна» хеле ҷиддӣ омодагӣ дидем, руҳияи бозингарон низ хеле қавист. Ҳарчанд дастаи рақиб яке аз дастаҳои қавии кишвари ҳамсоя аст, вале мо низ дар сатҳи хеле баланд омодаи бозием”.

Рустам Хоҷаев  иттилоъ додааст, ки ба ҳайати даста ду легионери нав ворид карда шудаанд, ки яке аз онҳо аз Федератсияи Русия аст.

Сармураббии тими «Хуҷанд» аз тамоми мухлисони футбол даъват ба амал овардааст, ки бо ҳузури худ дар варзишгоҳ барояшон болу пар шаванд, то ин ки музаффарият ба даст оранд.

Ҳамлагари нави «Хуҷанд» Сергей Тсканян таъкид кардааст, ки аллакай ба обу ҳавои Тоҷикистон мутобиқ шудааст ва аз мардуми меҳмондўсти тоҷик хеле болида асту бо даста зуд унс гирифт.

Сармураббии тими “Суғдиёна”-и Ҷиззах Улуғбек Бақоев гуфтааст, ки бозӣ бо тими «Хуҷанд» ҳалкунанда аст ва дастпарваронаш набояд ба хатоӣ роҳ диҳанд.

Аз тамоми мухлисони бозии футбол даъват ба амал оварда шудааст, ки санаи 17.08.2022 соати 15:00 ба Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуда, дар бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 мухлисӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *