Сояро дар Эрон ба хок месупоранд

Матбуоти Эрон хабар медиҳад, ки ҷасади шоир ва нависандаи эронӣ Ҳушанг Ибтиҳоҷ мутахаллис ба Соя, ки ҳафтаи гузашта дар Олмон дар синни 94-солагӣ даргузашт, имрӯз, чаҳоршанбеи 17-уми август ба Теҳрон бурда мешавад.

Маросими хайрбоди ин шоир ва олими забардаст рӯзи панҷшанбе дар Теҳрон баргузор гардида, сипас ӯро дар зодгоҳаш Рашт ба хок месупоранд.

Аз Ҳушанги Ибтиҳоҷ мероси бузурги шеърҳо, сурудҳо, осори хаттӣ ва шифоҳӣ ва шарҳҳои муҳими адабӣ боқӣ мондааст.

Ӯ ба эҳёи лирикаи классикии шеъри форсӣ даст зад ва хушбахтона аз иҷрои ин кор ба хубӣ баромад. Ба ҷуз ин ӯ ҳамчун шоири дурандеш маъруф аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *