Ҷанҷол ва тирпаронии тоҷикҳову доғистониҳо дар Русия

Дар маҳҳалли Кудроваи Санк-Птергбург байни муҳоҷирони кориии тоҷик ва сокинони қафқоз- доғистониҳо задухурд ба амал омадааст.

Бар асоси маълумоти расонаҳо ин зудухурд дар маҳали сохтумоние дар  Кудроваи назди Санкт Петербург  сурат гирифтааст ва феълан 20 нафар тоҷик дар иртибот ба ин қазия боздошт шудаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаро тасдиқ кардаанд.Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба расонаҳо гуфтааст, аксари онҳое, ки дар задухурд ширкат кардаанд, муҳҷирони кории тоҷик мебошанд. Ӯ гуфтааст, дар хусуси шумораи ширкаткунандагони задухурд маълумоти дақиқ вуҷуд надорад:  “Намояндагони Тоҷикистон ба таҳқиқи ин қазия машғуланд”.
Гуфта мешавад, ин задухӯрди гурӯҳӣ бо василаи арматура ва таппоначаҳои травматикӣ сурат гирифта, ҳанӯз маълум нест, ки касе кушта ё ҷароҳат бардоштааст, ё не. Вале, расонаҳои Русия навиштаанд, сабаи оғози задухурд ин будааст, ки зодагони Доғистон ҳангоми гузаштан аз назди сохтумон оби лойолудро тарафи муҳҷирони кории тоҷик партоб кардаанд. Баъд, муҳоҷрони кории тоҷик бо онҳо даргир мешаванд, онҳо рафиқони худро ба ин даргирӣ даъват мекунанд ва кор ба чаппакуниии мошинҳо ва задухурд поён меёбад.

Муноқишаи тоҷикон бо зодагони минтақи қафқоз бори нахуст расонаӣ намешавад. Чанде қабл, наворе нашр шуд, ки чеченҳо як тоҷикро бо таҳдид  ва гузоштани таппонча ба сараш маҷбур мекунанд, ки аз мардуми Чечен узрхоҳӣ кунанд. Гӯё ин ҷавони тоҷик дар наворе зодагони Чеченистонро таҳқир карда бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *