«Давлати Исломӣ» фурудгоҳи Отатурки Интонбулро тарконд

Ду таркиши шадид ва тирандозӣ дар майдонии ҳавоии Туркия ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, пас аз вуқӯъи таркиш дар толори мусофирнишини майдони ҳавоии Отататурк тиранпаронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 27 тан кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Ин ҳамалаҳои террористи дар терминали парвозҳои хориҷии майдони ҳавоии Отататурки Истанбуд рух дод ва ба навиштаи расонаҳо ин яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар як соли ахаир дар ҳассостарин мавзеи Туркия мебошад.

Гуфта мешавад, пас аз тиркиш ва тирандозӣ 4 фарди мусаллаҳ аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар тасвире, ки то ҳол нашр шудааст,  як баста силоҳи «Калашников» дар рӯи замин дида мешавад, он ба гуруҳи террористӣ тааллуқ дорад.

Мақомоти пракратураи Туркия дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки қабл аз таркиш ду фарди террористӣ ба суйи мардум тирандозӣ намуда, пасон худро таркондаанд. Ҳоло маълум нест, ки баъди ин таркиш дубора хатти парвозе бароҳ монда шавад ё на, зеро ба гуфтаи масъулин майдони ҳавоӣ  ба шиддат осеб дидааст.

Дар пайи таркиш аввал таксиҳое, ки дар назди майдони ҳавоӣ буданд, маҷруҳонро ба бемористон интиқол медонанд, вале ин имдодрасонӣ ба сабаби зиёд будани маҷруҳон натиҷаи кам дошт, зеро дохил ва беруни терминал пур аз кушташудаҳо ва захмиён буд. Баъдан мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба кумак шитофатанд ва маҷруҳон ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ин дар давоми чанд моҳи ахаир шадидтарин ҳамлаи террористӣ дар Туркия аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.