Зеваров: Баҳром Ғафурӣ ба ширкати «ТОП МЕДИА» эътирози бардурӯғ намуд

Субҳи имрӯз роҳбари ширкати «Top media»- Беҳрӯз Зеваров дар сӯҳбат бо хабарнигори Tajikistan.times гуфт, ки сароянда ва компазитори тоҷик Баҳром Ғафурӣ зимни сӯҳбати ихтисосияш бо хабарнигори ин сомона нисбати ӯ ва ширкати продюсерияш «Top media» эътирози бардурӯғ намудааст.

Ӯ гуфт: «Ман ба ин сухани Баҳром, ки «Беҳруз Зеваров продюсери онвақтаи ман гуфта буд, ки аз болои Валӣ ба “VSP Group”, созмони байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф шикоят мебарад. Пас аз ин чӣ иттифоқ афтод ва шикояти “Топ – медиа” ба куҷо расид, маълум нест», розӣ шуда наметавонам. Зеро аввал ин ки мо ба “VSP Group”, созмони байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф муроҷиат карда будем. Дуюм ин ки худи ҳамон рӯзи алайҳи Валӣ- сарояндаи афғон ба “VSP Group”, созмони байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф шикоят карданамон, бегоҳаш Валӣ дар куллӣ саҳифаҳои шахсияш дар сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз Баҳром бахшиш пурсида буд ва дар версияи нави клипаш номи муаллифи аслии оҳанг, яъне Баҳромро навишта буд. Ва ахиран набояд фаромӯш кард, ки то ба ҳол ягон кори ширкати продюсерии «Top media» нимкола намондааст. Мо ҳар тасмимеро, ки нагирем, то ба охир анҷом медиҳем. Ба ёд оред, моҷарои Даврон бо Ҷонибекро. Танҳо барои дуздидани сенарияи клип ин сарояндаи узбек чӣ қадар узрхоҳӣ намуд, ҳатто аз ҷониби вазорати фарҳанги ватанаш муҷозот гардид. Мисли Даврон Мавлуда- сарояндаи дигари узбек барои дуздидани оҳанги Шабнами Сурайё «Наравад» муҷозот гардид. Ба қарибӣ сарояндаи ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Зарипов бобати дуздидани суруди «адот шавам»-аш аз ҷониби сароягндаи афғон Ризо тароват бо тағйири ном «Фанот шавам» муроҷиат карда буд, баҳси тӯлоние доштем бо Ризо, ки дар охир ғолиб омадем ва Ризо шахсан аз Ҷаҳонгир бахшиш пурсид, аммо Ҷаҳонгир талаб кард, ки навори клипи Ризо кулан аз Ютуб нест карда шавад ва чунин ҳам шуд».
Дар охир Беҳрӯз Зеваров афзуд, ки «Хуб мешуд агар Баҳром ба ҳаводиси охире, ки дар шоу- бизнес мегузарад, диққати ҷиддӣ диҳад ва минбаъд эҳиёткор бошад. Чун воқеан ҳам аз репертуари ӯ зиёд «дуздӣ» мешавад, аз ҷониби ҳамсояҳои ҳамзабони мо- афғонҳо».

Фарангиси Фармон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.