Се зани ихтироъкори тоҷик дар Сэули Корея ҷоиза гирифтанд

Се зани Тоҷик дар Форуми умумиҷаҳонии занҳои ихтироъкор, ки рӯзҳои 14-24-уми июн дар шаҳри Сэули Ҷумҳурии Демократии Корея доиш гашт, бо медал сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин хусус «Агентии давлатии патент ва иттилоот» хабар дода, меафзояд, ки ихтирои занони тоҷик аз ҷониби Вазорати молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба форум пешниҳод шуда буд.

Бар асоси иттилои агентӣ ихтирои Баҳмида Маҳкамова бо медали тилло ва дипломи Дипломи Президенти Ассотсиатсияи ихтирокорони навъовари Тайван қадрдонӣ шуд. Ду ихтирокори зани дигар, Заррина Яминова ва Мубоширхон Раҳимова сазовори ҷоизаҳои нуқура ва биринҷии форум шуданд.

Бояд гуфт, соли гузашт низ занони тоҷик дар форум ширкат намуда, медал ба даст оварда буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.