Хуршеда Отахонова: Шӯравӣ хуб буд, аммо Истиқлолият сад бор беҳтар!

Санаи 23 июни соли равон, қалби олими машҳур, аввалин ва ягона академикзан дар риштаи филология, академик Хуршеда Отахонова дар синни 84-солагӣ аз задан бозмонд… Суҳбате ки ба хонанда дар зер пешниҳод мешавад, эҳтимолан аз охирин мусоҳибаи эшон бошад ва аксе ҳам, ки муаллиф бардоштааст, аз охирин аксҳо…

Зинаҳои бинои кӯҳнаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро баромада, даҳлези солҳо таъмирнадидаро, ки фарши фарсуда ва дарҳои хело куҳна дорад, убур карда, ҳуљраи ӯро мељӯям. Билохира, дари заруриро пайдо карда, дохили ҳуљра шудам. Ҳуљра тоза, аммо ҳамоно бетаъмир. Ду мизу 4 ё 6 курсӣ дорад, як љевони китобу як либосовезаки қадимӣ ва як сатили партов ҳам аз љиҳози ин утоқ маҳсуб меёбад. Болои миз пур аз варақҳои куҳна ва саҳифаҳои зардшудаи рӯзномаҳост. Пушти миз, зани солхӯрдае дар сар кулоҳ ва дар чашм айнак чизеро бодиққат мутолиа мекунад. Оре, ин зани резапайкар, ки солҳо ба душаш бори гарони илм, бори гарони докториву академикиро мебардорад, академик Хуршеда Отахонова аст. Салом дода мақсади омаданамро мегӯям:

 — Бубахшед, моро фармудаанд, ки ҳисоботи 25-сола нависем. Сахт машғулам, вақти мусоҳиба надорам…

Ман ҳам ба чеҳраи эшон бодиққат менигарам. Маълум ки инсони бисёр хуб ҳастанд ва одати рад кардан надоранд. Инро дастак карда, пофишорӣ мекунам:

— Библиографияи шумо нашр шудааст, ба шумо душвор нест аз ҳамон мекӯчонед…

— Росту… аз чопи библиография чор панљ сол гузашт, ман ин солҳо хап карда нанишастаам. Баъзе корҳо кардам. Хай марҳамат гузашта шинед, нагӯед ки ба умед рафтаму рад кард, — ва худ дар рӯ ба рӯйи ман нишаста:

— Саволҳоятонро андак баландтар диҳед, гӯшам каме вазнин, ман ҳам ба 84 даромадам… — гуфта рухсораҳояш арғувонӣ мешаванд, гӯё каме шарм мекунад.

— Айни ҳол академик Хуршеда Отахонова машғули чӣ кор аст?

— Ман дар институт мушовир ҳастам, ҳамчунин як архиви адибон ташкил кардаам, ки ба он роҳбарӣ мекунам. Вазифаам сарходими илмии институт. Як китоб доштам, бо номи «Ҳусни инсон», ки аллакай ду маротиба нашр шудааст. Хонандагон боз хоҳиш карданд, ки бознашр кунам ва дар таҳияи нави он кӯшиш дорам.

— «Ҳусни инсон»-и шумо бори аввал соли 1975 нашр шуда, бори дуввум соли 1984 бо такмилу илова рӯйи чопро дида буд. Акнун биёед, муқоиса кунем, љавонони солҳои 75, 84 ва 2016-ро. Фосила зиёд аст. Љавонон тамоман дигар шуданд, арзишҳо дигар шуд. Душвор нест муҳтавои китобро ба ин давра мутобиқ кардан, зеро фарқ аз замин то осмон аст.

— Бисёр сангин буд, таҳриру такмили китоб ва ба қавли шумо мутобиқ кардан ба ин замон, аммо чандин кас хост онро чоп кунам. Хатто як маротиба шоира Шаҳрия Адҳамзод, бо ман мусоҳиба анљом дода, тариқи газета гуфта буд, ки «Ҳусни инсон»-ро нашр кунам. Аммо ман бо шумо мувофиқ нестам, ки мегӯед, арзишҳо дигар шуданд. Арзишҳои инсонӣ дигар намешавад, танҳо замон ва сиёсат тағйир меёбад. Китоби ман ба сиёсат ҳељ иртибот надорад. Нигоҳ кунед, — мундариљаи мусаввадаи чопи навро ба ман нишон дода. –  «Духтар хонда чӣ мешад?», «Изтироби чашмони зебо», «Одаму либос», «Меҳри Ватан», «Ёр аҳлу кор саҳл» ва ғайра дар мавриди тарбияи инсон, муносибати келину хушдоман, тарбияи фарзандон, муносибат бо муҳити атроф ва ғайра… Ин арзишҳо тағйирнопазиранд. Аммо бо вуљуди ин замона дигар шуд, фаҳмишҳо тағйир ёфт ва барои мутобиқ кардан ба фаҳмиши муосир ман дар таҳияи китоб сахт азоб кашидам. Ҳар боре ки аз нав мехонам, ягон бобашро ихтисор карда, боби нав зам мекунам… Ҳанӯз ҳам қонеъ нестам.

         — Аслан, чаро шумо ба ин мавзӯъҳо даст мезанед, дар назар дорам мушкилоти занон тарбияи инсон ва ғайраро?

— Ман дар зиндагӣ сахт азоб кашидаам. Намехоҳам зани тољик аз занҳои љаҳон қафо монда бошад. Ё тарбияи тољик бо он ҳама бузургон коста бошад…

— Воқеан, китоби тарљумаҳолиатон «Дил мехоҳад, ки гӯяму гирям…»-ро хондам. Ба ман сахт таъсир кард. Чӣ љойи пинҳонкунӣ, дар баъзе љойҳояш хуб гиристам.

— Оре, агар онро хонда бошед, азобҳои маро медонед. Барои тамғаи «душмани халқ» доштани падарам бисёр азобу уқубатро пушти сар кардам…  Дар охир бегуноҳии падарамро собит кардам, аммо ӯ аллакай дар қайди ҳаёт набуд…

Маълум ки бисёр душвор буд, ба муаллима ба ёд овардани он рӯзҳои пурдаҳшат. Аз он даврон қариб 70 сол гузашта, аммо эшон ҳанӯз ҳам вақте ба ёд меоранд, ҳолашон бад мешавад. Ҳанӯз дар қалбашон захмҳои кӯдакӣ мондаву чизе онро малҳам нашудааст.

— Аммо модарам, бо нӯги сӯзан моро калон кард, — худашонро ба даст гирифта, идома медиҳанд. — Ҳар чорамонро хононд, соҳибмаълумот кард. Медонед, ман ҳамеша дар зиндагӣ бо инсонҳои хуб вохӯрдам, бо инсонҳои хуб кор кардам. Маҳз раҳнамоии инсонҳои бузург буд, ки ман ба ин мартабаҳо расидам. Номзади илм шудам, доктори илм шудам, академик шудам… Бо дастгирии бевоситаи академики оламшумул Абдулғанӣ Мирзоев Раҳим Љалилро мавзӯъ гирифта, кори номзадӣ навиштам, монография нашр кардам. Бо кӯшиш ва зери  роҳбарии устодам Муҳаммадљон Шакурӣ дар достони муосир рисолаи докторӣ навишта, доктори илм шудам. Маҳз инсонҳои нағз буданд, ки мудирии шуъбаи навтаъсиси мероси хаттиро ба души ман вогузоштанд ва барои ҳаматарафа омӯхтани матншиносии адабиёти муосир маро ба Маскаву Ленинград фиристоданд ва бо шарофати ин ман доир ба матншиносӣ китобу мақолаҳо навиштам, куллиёти адибонро омодаву нашр кардам. Агар одамони наљиб дар паҳлӯям намешуданд, мумкин чун духтари «душмани халқ» ба чизе ноил намегардидам.

— Яке аз паҳлуҳои љиддии фаъолияти шумо таҳияи осори адибон аз рӯйи архиви онҳо мебошад. Ва шуморо асосгузори архиви адибон дар институт мегӯянд. Љамъоварии ин архивҳо ба шумо чӣ гуна даст дод?

— Мо ин архивро ибтидо зери роҳбарии устод Шакурӣ  ташкил кардем ва дар замони роҳбарии Маъсумӣ  онро шуъбаи алоҳида кардаву маро мудир таъин карданд. Архившиносӣ ва матншиносии адабиёти муосир бисёр кори љиддӣ аст. Чӣ тавре гуфтам, ман онро аз Маскаву Ленинград омӯхтам ва ин љо китобҳо нашр кардам. Ҳамин тавр,  гӯё асосгузори матншиносии адабиёти муосир манам. Узр, ки худамро таъриф мекунам. Шогирдон тайёр кардем. Ҳоло профессор Аламхон Кӯчаров бо шогирдонашон ба ин кор машғуланд. Таҳияи китоб аз рӯйи матншиносии муосир бисёр ҷиддӣ ва заҳматталаб аст. Ман чандин китобҳоро аз рӯйи меъёрҳои матншиносии муосир нашр кардам,  «Мукотибаи Айнӣ бо Лоҳутӣ» «Мактубҳои Лоҳутӣ», «Куллиёти Лоҳутӣ», «Куллиёти Пайрав» ва ғайраро. Бо вуљуди он ки ба қадри заҳмат намерасанд ва санг меандозанд, имрӯз куллиёти Лоҳутиро ҳамроҳи кормандони шуъба омода кардаем ва дар дасти чоп аст.

— Ба қадри заҳмат намерасанду санг меандозанд гуфта чиро дар назар доред?

— Ба наздикӣ Мубашшир Акбарзода ба 2 љили куллиёти Лоҳутӣ, ки  ман онро таҳия кардам, эродҳои ғайримунсифона гирифт.

— Шумо танқидро қабул надоред?

— Ман мунаққид ҳастам, аз танқид хурсанд мешавам, агар одилона бошад. Бе ин намешад. Аз рӯйи ғараз бошад, ба Худо ҳавола мекунам. Ва мегӯям ҷавоби аблаҳон хомӯшӣ. Мисле ки дар навиштаи Мубашшир кардам. Дар нашри Лоҳутӣ дар баъзе калимаҳо ҳарф ғалтидааст, ғалати техникӣ шудааст, аммо ӯ ҳамонро  нафаҳмида маро танқид кард. Ман ҷилдҳои Лоҳутиро аз рӯйи танқиду матншиносии (тектсологияи) рус, ки дар ҷаҳон беназир асту онро академик Лихачёв асос гузоштааст, омода кардам. Аз рӯйи ин меъёр,  матни асосӣ ҳамон матн аст, ки охирин  аз дасти нависанда гузаштааст. Ман аз рӯйи ин меъёр кор кардам, аммо  Мубашшир  «фаъла» дурусту «коргар» нодуруст гуфта, гуноҳро ба сари ман бор кардааст. Модом, ки нависанда коргарро истифода кардааст, ман ҳуқуқи гузоштани фаъларо надорам.

— Агар ин тавр аст, чаро љавоб нанавистед?

— Дар академия ҳам мақоларо омӯхта, хостанд ба ӯ љавоб нависанд, аммо ман нагузоштам, зеро медонам ки тақризи ӯ аз рӯйи ғаризаи шахсӣ буд. Сабабаш ҳам он аст, ки ман боиси аз кор рафтани ӯ шудам. Вай ин љо ним баст кор мекард. Љилди якуми куллиётро тайёр мекардам, гуфтанд, ки ӯ босавод аст. Ман аз Акбар Турсунович пурсидам, ки ӯ муҳаррир шавад, он кас розӣ шуданд. Аммо Мубашшир гуфт, ки аввал пул диҳед, баъд муҳаррир мешавам. Ман назди директор даромада гуфтам, ки ба ӯ пул ҷудо кунед, ин сабаб шуд ва худаш мавзӯъ, ки надошт, ӯро рондем. Сонӣ ҳангоми таёр кардани ҷилди 3-юми куллиёти Лоҳутӣ ман онро бо дасти лаборантам дода, ба нашриёти «Адиб», назди Фарҳод Каримов фиристодам ва Акбарзода он ҷо кор мекардааст. Мусаввадро гирифта гуфтааст, ки «Вая (мақсад Отахоновая) кӣ мондаст Лоҳутӣ қатӣ машғул шавад?» Модом ки танҳо ман не, муҳаррир Муллоаҳмадов аст ва ӯ мутахассиси ниҳоят хуб аст. Нигоҳ кунед, ҳозир ман ба шумо китобро нишон медиҳам. —  Муаллима асабӣ шуда, то назди љевон рафтанд, эҳтимол сарашон чарх зад, ки даррав аз љевон дошта, такя карданд ва ду љилд китобро гирифта хостанд то миз баргарданд,  ки боз сарашон чарх зад, ки ба девор такя карданд. Ман зуд хеста, аз китфашон дошта, ба љояшон овардам. Узр пурсиданд. Баъди як лаҳза сукут ва бахудоӣ идома доданд. — Мана китобро бинед, нисфи китоб, муқоисаи матнҳову фарҳангу тавзеҳ. Агар Мубашшир мунаққиди холис мебуд, аққалан чор ҷумла дар бораи ин қадар меҳнат мегуфт, баъд камбудиҳоро номбар мекард… Ман барои овардани архиви Лоҳутӣ аз Маскав чи заҳматҳое накашидаам. Бону – ҳамсари Лоҳутӣ мехост архивро ба ЦИГАЛИ ва нисфашро ба Эрон диҳад, аммо ман борҳо сафар карда, архивро аз дасташ гирифтам. Ҳамаи ҳуљљатҳоро то Душанбе овардам. Бовар мекунед, нимпайкараи Лоҳутиро дар рӯйи зонуҳоям гузошта, аз Маскав то Душанбе овардам. Миннат нест. Барои илм хизмат кардам ва ифтихор дорам. Лоҳутӣ яке аз шоирони бузурги асри гузашта буд, аммо вақте эрод мегиранд, аққалан дар бораи меҳнатҳо намегӯянд, алам мекунад…

Маълум ки ин гуна подош аз заҳамати чандинсоларо умедвор набуданд. Ва воқеан ин тақриз натанҳо ба рӯҳияи муаллима, балки ба саломатиашон ҳам зарар расонида буд. Ба хотири ба дигар тараф бурдани мавзӯъ даррав пурсидам:

-Ин куллиёт мисле, ки гӯшти уштур хӯрда бошад, ҳељ не ки нашраш ба итмом расад. Оғозаш аз 100-солагии Лоҳутӣ буд, соли оянда 130  солагии Лоҳутӣ аст, аммо куллиёт ҳанӯз ҳам дар роҳ?

— Куллиёт асосан 7 ҷилд аст. 2 -ҷилдаш чоп шуд, сеюму чорумаш ба нашриёт рафт. Умуман, ҳамааш омода, фақат барои нашр маблағ лозим.

— Муаллима, чӣ боис гардид, ки унвони аввалин академикзани филолог насиби шумо гардад?

— Боз ҳам инсонҳои нағз. Абдулқодир Маниёзов директор буданд. Маро даъват карда, гуфтанд, ки мо шуморо ба аъзо –корреспондентӣ пешбарӣ кардем. Ҳамин тавр, аъзо- корреспондент шудам. Баъди чанд соли ин, пешниҳод шуд, ки академик шавам. Он вақт ба устод Шакурӣ гуфтам, ки муаллим, акнун шумоям академику ман ҳам академик -мӣ. Не, айб аст, ман розӣ намешавам. Муаллим гуфтанд, ки не, ин тавр нагӯед, унвон зиёд, ки шуд, масъулият меафзояд, дигар ин ки маошаш ҳам зиёдтар. Таъминтар мешаведу корҳои илмӣ бештар мекунед. Ҳамон вақт Президенти академия Ӯлмас Мирсаидов буданд. Он кас ҳам аз Истаравшан. Ҳатто гап-гап шуд, ки ҳамшаҳриша пешниҳод кард. Бо вуљуди ин, дигарон маро дастгирӣ карданд ва академик ҳам шудам.

— Як муҳаққиқи оддӣ будан, номзаду доктор шудан ва  академик будан чӣ фарқ дорад?

— Масъулият бештар мешавад. Пештар дар радиову телевизион ва нишасту конфронсҳо баҳузур гап мезадам, ҳозир даҳ бор фикр мекунам, ки ягон чизи нољо гуфта намонам. Вақтҳои охир кам-кам фаромӯшхотир шудаам. Метарсам, ки ба минбар барояму гапамро гум кунам. Аммо бо вуљуди ин дар 150- солагии Туғрал дар бораи Хоља Аҳрори Валӣ баромад кардам.

— Муаллима, китобе, ки бояд менавиштед, навистед?

— Намедонам, дигарон бояд баҳо диҳанд.  Шояд ин китобам, –ба «Ҳусни инсон» нигоҳ карда,  — охирин китобам бошад. Вақтҳои  охир кор омада рафтан ҳам бароям душвор аст. Саломатиам, рости гап нағз не. Духтарам аз хона бароварда, маро ба таксии 3-сомона мешинонад, лаборант аз роҳ баромада мегирад ва вақти рафан баръакс ин савор мекунаду духтарам мегирад, чунки сарам чарх мезанад, метарсам, ки дар роҳ афтида намонам. Ҳам фишори баланд дораму ҳам бемории қанд, ҳам дилам беқувват. Баъзан шаб фишорам то 200 — 220 баланд мешавад. Баъзан дору мехӯрам, аммо метарсам.  Дилам намешавад духтарамро бедор  кунам, баъд мебинам, ки  фишорам паст намешавад, ӯро бедор мекунам. Бечора аз хоби ноз хеста, то субҳ дар паҳлуи ман рост меистад. Зуфархон Љавҳарӣ як шеър доранд, ин шеърашон дар ягон ҷо нашр нашудааст. Инро як ҳамкорамон аз даҳони мардум шунидааст ва Суҳайлӣ — писарашон тасдиқ карда буд, ки шеъри падараш аст. Шеър чунин аст:

Ё раб, ту чунин кун, ки пушаймон нашавам,

Мӯҳтоҷи бародарону хешон нашавам.

Аз хони саховатат ба ман рӯзӣ деҳ,

То аз дари ту бар дари эшон нашавам.

Дишаб вақте саломатиам бад шуд, ҳамин шеър ба ёдам омад ва ба ман илҳом бахшиду ман навиштам:

Эй худо аз ақлу идрокам маро маҳрум макун,

Назди дӯсту душманам шармандаву раҳгум макун.

Ё бигир, ё ҷисму ҷонамро тавоноӣ бубахш,

Бар азизони дилам…

Муаллима каме зиқ шуданд ва  охири мисраъро аз сабт гӯш кардан имкон надорад. Умедворам шогирдони муаллима асли мисраъҳоро ёфта нашр мекунанд.

 -Шумо ба адабиёт чун шоир ворид шудед, ҳатто дар бораатон тақризҳо нашр шудааст. Шарқшиноси маъруф Зоя Османова ҳатто навишта буд, ки «Хуршедаи майдаяки шаҳлочашм шеър ҳам менавиштааст ва дар ин кор таљрибаи калоне дорад, зиёда аз даҳ сол боз шеър мегуфтааст. Вай шакли шеъри классикиро меписандад, ашъори вай зебою дилнишин аст». Аммо чаро ба шеър хотима гузоштед?

— Вақте ба таҳқиқ машғул шуда, классиконро хондам, аз шеърам дилам монд. Ман то ҳол менависам, чун ки бе шеър наметавонам, аммо нашр намекунам. Ба наздикӣ ду  шеърамро нашр карда, пушаймон шудам. Яке дар бораи духтарам, дигаре дар бораи зодгоҳам –Истаравашан.

— Чаро шеърҳоятонро нашр намекунед?

— Ман даъвои шоирӣ надорам, аммо шеър нагуфта наметавонам.  Ҳамкоронам борҳо гуфтанд, ки ба шакли китоб чоп кунам, аммо рад кардам. Гуфтам, ки агар хоҳед, баъди маргам чоп кунед.

— Баргардем ба илм. Илм чӣ ҳол дорад?

 — Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ба ҳар ҳол рушд дорад. Олимонамон чизҳое навишта истодаанд.

— Љавонҳо чӣ?

— Ҷавонҳо рости гап фақат пул мехоҳанд. Маҳз ба ин сабаб љавонҳои нағз аз институт рафтанд, чунки маоши мо кам буд.  Аммо ман ба фардои саодатманд бовар дорам.

-Архиве, ки таъсис додед, бо дили пур бовар карда, ба ягон кас дода метавонед?

— Як -ду кас ҳаст. Аммо бисёриҳо не.  Медонед, замони Шӯравӣ дигар буд. Дар кори мардум дилгармӣ эҳсос мешуд, ҳоло не. Ҳама барои пул кор мекунанд. Замона ҳамаро дигар кард.

— Шуморо ҳам?

 — Не…

— Яъне, Шӯравӣ хуб буд?

— Аз бисёр љиҳат нағз буд, аммо ба фикри ман Истиқлолият сад бор беҳтар. Ба шарофати Истиқлолият мо дар ҷаҳон муаррифӣ шудем.

— Ба худатон чӣ орзу доред?

— Аввал ба фарзандонам хушбахтиву баъдан ба худам саломатӣ.

-Ҳа, дарвоқеъ, чанд фарзанд доред?

— Як духтар, 3 набераву 7 абера.

— Умедворам Худованд дуоятонро бипазирад…

 Аз мусоҳиб: Хонандаи азиз шоҳид гардид, ки дар охирин мусоҳиба муаллима Х.Отахонова зиёд аз яъсу ноумедӣ ҳарф заданд, мисле ки маргашонро эҳсос мекарданд. Эшон номашонро дар таърихи адабиёти тољик бо ҳарфҳои заррин сабт карданд. Агар мо ба таърихи адабиёти пурғановати форсӣ – тољикӣ назар афканем, занҳои шоира зиёд буданд. Агар аз асри 10 шурӯъ кунем, Робиаву баъди он Зебуннисову Маҳастиву Барнову дигарон, аммо занони мунаққид ва олим вонамехӯранд. Дар адабиёти тољик (ва шояд ҳатто форсизабон) муаллима Х.Отахонова аввалин зане ҳастанд, ки љиддӣ ба кори таҳқиқу танқид машғул шуда, то ҳол касе аз миёни занҳо ҳатто дар муҳити форсизабон ҳамсанги  эшон   набуд. Фаъолияти эшон, бо вуљуди беморӣ, љумбуљӯлашон то марг, барои ҳамаи муҳаққиқон  дарси ибрат бояд бошад. Муаллима Х. Отахонва борҳо дар суҳбатҳо аз ҳамкоронашон ба некӣ ёд мекарданд ва ҳамаашонро дӯст медоштанд. Лекин адабиётшиноси бомаҳорат Анзурат Маликзодаро аз ҳама бештар, чун духтарашон. Дар  суҳбате ки ахиран доштем, дар дасташон мусаввадаи китоби «Мукотибаи Хуршеда Отахонова» буд, ки Анзурат Маликзода онро омадаи чоп мекард. Умед дорам, ки ин китоби муаллима нашр мешавад ва хонум Маликзода камари ҳиммат баста, қарзи фарзандию шогирдиашонро дар назди рӯҳи Х.Отахонова ба анљом мерасонанд ва китоби ашъори эшонро чоп мекунанд…

Дар даҳаи мағфирати моҳи мубораки Рамазон тарки ин дунё кардан   ба бандагони дӯстдоштаи  Худо насиб мегардад. Муаллима низ аз бандагони дӯстдори Худо будаанд. Манзили охираташон пурнур бод!

Одили Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.