Музаффар Сулаймонзода: Роғунро ба шаҳри саноатӣ ва сайёҳӣ табдил медиҳем
Шаҳри Роғун бузургтарин манбаи истеҳсоли неруи барқ дар Осиёи Миёна ва, ҳамчунин, дорои табиати зебою нотакрор аст. Сол аз сол шаҳр обод гардида, корҳои бунёдкорӣ вусъат мегиранд. Марказҳои фарҳангиву таърихӣ, боғу гулгашт, инфрасохтори муосир, хизматрасонии иҷтимоӣ маҳз чанд соли охир бунёд шудаанд. Ҳоло масъулини мақомоти шаҳри Роғун барои рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва ба кор даромадани корхонаҳои хурду азим талоши бештар доранд. Дар ҳошияи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, раиси шаҳри Роғун суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
-Муҳтарам Сулаймонзода, мо дар пешорӯи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Дар шаҳри Роғун ин ҷашни таърихиро бо кадом дастовезҳо пешвоз мегиранд?
-Албатта, бо арғумонҳои идона. Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ кардем, ки он аз 145 банд иборат аст. То имрӯз 95 банди он амалӣ гардида, боқимонда то ҷашни 30-солагии Истиқлолият иҷро мешавад. Чунки қисме аз бандҳои нақшаи қабулшуда марбут ба корҳои тарғиботӣ, ташвиқотӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мебошанд. Дар бандҳои 30-солагии Истиқлолият бунёди гулгашт, марказҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, иншоот, аз қабили коргоҳҳои хурд, бунгоҳҳои тиббӣ дар мавзеъҳои дурдаст, мактабу кӯдакистон ҷойгир карда шуданд. Қисме аз иншоот аллакай мавриди истифода қарор гирифтанд. Бунёди Маҷамааи Исмоили Сомонӣ, Боғи Парчам, Нишони давлатӣ, аз иншооти муҳими ҷашнӣ буда, дар маркази шаҳр қомат афрохтаанд. Ҳоло дар паси Маҷмааи Исмоили Сомонӣ бунёди боғи замонавӣ бо фаввораҳои муосир сохта шуда, ба истифода дода мешавад. Инчунин, ҷиҳати рушди соҳаи маориф барои 570 нафар хонандагон дар деҳаи Қандак мактаб бунёд кардем. Дар гардиши даромадгоҳи шаҳри Роғун бошад, гулгашти зебоеро таҳти лавҳаи “Роғун, туро дӯст медорам” сохта ба истифода додем. Имрӯз он ҳамчун мавзеи тамошобоб ва сайргоҳи сокинон гардидааст. Бинои маъмурии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳр бо ташаббуси аъзоёни ҳизб ва дасгирии соҳибкорон сохта, ба истифода додем. Он дорои 3 ошёна, утоқҳои барҳаво бо тамоми шароити корӣ мебошад. Инҳо иншооте, ки бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар доираи ин ҷашн мо бунёди боғҳои навро амалӣ кардем, ки ҳатто он аз нақша зиёд мебошад. Яъне, ба 108 фоиз баробар шуд.
— Боғҳои нав дар кадом мавзеъҳо бунёд гардиданд?
-Ин боғҳое ҳастанд, ки дар заминҳои бекорхобида, талу теппаҳо таъсис дода шуданд. Дар баъзе заминҳое, ки боғ бунёд кардем, қаблан ба партовгоҳ табдил ёфта буд ё эрозия дида мешуд. Барои пешгирӣ аз эрозияҳои замин боғҳои навро бо шинондани дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда бунёд кардем.
Соли равон бо ташаббуси мақомоти шаҳри Роғун ва дастгирии намояндагии СММ дар Тоҷикистон 24 ҳазор ниҳолҳои гуногун оварда шуданд. Дар минтақаи Сесанга боғ бунёд кардем. Аз 24 ҳазор ниҳол аллакай 14 ҳазораш бо кумаки намояндагии СММ дар Тоҷикистон омада расид. Аз ин 10 ҳазораш ниҳолҳои хуч ҳастанд, ки шинондани онҳо дар минтақаи Роғун мувофиқат мекунад. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки боғи хучро бештар намоем. Зеро он хусусияти табобатӣ дошта, имкони даромади бештар низ дорад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии Оғохон дар минтақаҳои ярчфаро ниҳолҳои решаашон мустаҳкамро шинонидем.
Дар маҷмӯъ, бунёди боғ дар мавсими баҳори соли равон 30 гектарро дар бар мегирифт, аммо аз нақша зиёд, яъне ба 37 гектар расондем. Ниҳолҳои боқимонда мевадидиҳанда, аз ҷумла себ, нок, олу, гелос хуб нашъунамо мекунанд. Айни замон талош дорем, ки боғҳои куҳнаро зина ба зина барқарор намоем. Дар ин росто, бо маслиҳати олимони соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, боғҳои навро дар заминаи боғҳои куҳна бештар мекунем. Таваҷҷуҳ ба боғҳои интенсивӣ низ ҳаст. Зеро дар ин шакли боғҳо имкони гирифтани ҳосили зиёд вуҷуд дорад.
-Бигӯед, ки бунёди боғҳо, асосан, аз кадом солҳо шурӯъ гардид?
— Шинонидани ниҳол ва бунёди боғҳоро дар теппаҳо аз соли 2018 оғоз кардем. Аз баҳори соли 2019 ин ташаббусро идома дода, афзоиш додем. Яъне, ҳар касе дар бунёди боғ иқдом нишон дод, дастгирӣ кардем. Аммо ҳоло ташкили боғҳои интенсивӣ таҷрибаи нав мебошад ва умед дорем, ки ба он муваффақ мегардем.
Маълумоти таърихӣ
Шаҳри Роғун дар қисмати шарқии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Масоҳати умумии шаҳр 661 км2– ро ташкил дода, бо ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Балҷувон ва шаҳри Ваҳдат ҳамсарҳад аст. Масофа аз маркази Роғун то шаҳри Душанбе 110 км-ро ташкил медиҳад. Шаҳри Роғун 0,5 фоизи ҳудуди умумии ҷумҳуриро ишғол менамояд. Шаҳр 3 ҷамоат дорад: шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об, деҳоти Сичароғ.Шаҳр аз рӯи хусусияташ саноатӣ буда, 49,7 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 50,3 фоизи онҳо дар шаҳр истиқомат доранд.
-Дар бунёди иншооти ҷашнӣ киҳо саҳм доранд?
-Албатта, бо ташаббуси мақомоти шаҳр, соҳибкорон ва сокинони Роғун тамоми иншооте, ки ба нақша гирифтем, амалӣ гардида истодаанд. Ҳоло дар шаҳраки Оби Гарм соҳибкор Равшанмурод Ҳоҷиев бо як суръати баланд корҳои сохтмониро анҷом дода истодааст. Инчунин, сохтмони чанд иншооти дигар дар соҳаи тандурустӣ, аз қабили бунгоҳҳои тиббӣ дар манотиқи дурдасти шаҳр, марказҳои хатна ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ идома доранд.
-Роғунро шаҳри саноатӣ ҳам ном мебаранд. Вазъи соҳибкорӣ дар шаҳр чӣ гуна аст?
-Умуман, соҳибкорӣ самти асосии саноат дар шаҳр ба ҳисоб меравад. Аммо теъдоди соҳибкорон ва корхонаҳои азими истеҳсолӣ камтар аст. Дар байни 6 ноҳияи тобеи марказ Роғун шаҳри саноатӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳам бошад, аз ҳисоби НБО “Роғун” мебошад. Вале дар шаҳр коргоҳҳои хурд кам дорем. Чанд коргоҳи хурдро ду соли охир ба истифода супоридем. Аз ҷумла, дар пешорӯи 30 — солагии Истиқлолият коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикани “Оби куҳсор”-ро дар мавзеи шаҳраки Оби Гарм, коргоҳҳои дӯзандагӣ, маҳсулоти қаннодӣ, коркарди ширинии тут ва ғайраро ба истифода додем.Хурд ҳам бошанд, аммо фаъолияти доимӣ доранд.
Бояд гуфт, ки имрӯз қисме аз заминҳои шаҳри Роғун ба НБО “Роғун” вобаста шудааст. Аз ҷумла, майдони 4-уми қисми низомии Вазорати мудофиа, ки 18 гектар заминро фаро мегирад. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки ин заминро ба як минтақаи саноатӣ табдил диҳем. Аллакай ин масъала ба таври мусбӣ ҳал шуда истодааст. Зеро ҳар як шаҳр минтақаи саноатии худро дорад. Аз ин лиҳоз, умедворем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзеъро ба як шаҳраки саноатӣ табдил медиҳем. Имкон дорад, ки дар ин мавзеъ беш аз 10 корхонаи хурду калон, аз ҷумла сардхона, коркарди сабзавоту меваҷот сохта шаванд. Ин ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани сокинони шаҳр ва ҳам ғанӣ гардидани буҷети шаҳр мегардад.
-Роҳбарияти Агентии “Тоҷикстандарт” ҳамчун намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷашни 30 –солагии Истиқлолият дар шаҳри Роғун вобаста шудааст. Нақши ин мақомотро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? То кадом андоза дар татбиқи ҳадафҳои мақомоти шаҳр ва соҳибкорон ҳисса мегузоранд?
-Аз соли 2018 то имрӯз аз тарафи намояндаи Ҳукумат ташкили корҳо ва тавсияҳо хеле хуб буданд. Аммо соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус соли вазнин буд. Он таъсирашро ба соҳаҳои шаҳр расонд. Аз тарафи намояндаи Ҳукумат ба беморон ва шахсони камбизоат, эҳтиёҷмандон ва табибон ҳам кумакҳои моддӣ ва ҳам молиявӣ расонда шуд. Маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ аз ин қабиланд. Пайваста намояндаи “Тоҷикстандарт” ба шаҳри Роғун омада, аз иншооти ҷашнӣ дидан мекунанд. Соли равон 2010 ниҳоли ҳамешабз ва мевадиҳандаро кӯмак карданд.
-Аз рӯи маълумоти дастрасшуда буҷети шаҳр, дар семоҳаи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 55,1 млн. сомониро ташкил медод, ба маблағи 75,1 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Яъне, иҷроиш барзиёд ва нисбат ба нақша 19,9 ҳазор сомонӣ бештар аст. Кадом омилҳо ба ин сабаб шуданд?
— Асосан нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Роғун 95 фоиз аз ҳисоби ташкилоту идораҳои сохтмоние, ки дар НБО “Роғун” фаъолият мекунанд, вобастагӣ дорад. Боқимонда аз ҳисоби ташкилотҳои хизматрасон, аз ҷумла, марказҳои савдо, коргоҳҳои хурд, меҳмонхона ва осоишгоҳҳо пур мешаванд. Тайи соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус маблағгузории андозӣ коҳиш ёфта буд. Баъдан, дар семоҳаи аввали соли равон сохторҳое, ки аз андоз қарздор буданд, пардохт карданд. Дар ин ҷо саҳми нозироти андози шаҳри Роғун калон аст. Чунки кормандони ин сохтор хуб кор мекунанд.
-Дар шаҳри Роғун чанд хоҷагии деҳқонӣ ҳаст?
-1079 хоҷагӣ. Шаҳри Роғун замини корам кам дорад.
-Боз дар кадом самтҳо нишондиҳандаҳо назаррасанд?
-Дар ҳама самт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ нишондиҳандаҳои назаррас дорем. Кишти тирамоҳиро ба 108 фоиз расондем. Ҳоло то охири моҳи июн имкони кишти картошка дар минтақаҳои шаҳри Роғун мавҷуд аст. Нақшаи кишти баҳорӣ бошад, 103 фоиз иҷро гардид. Дар назди заминҳои наздиҳавлигӣ ба ҷойи 60 гектар 94 гектар кишти картошкаро гузарондем. Кишти дигар зиротаҳоро кам кардем, ки чандон ҳосили хуб ба даст намеоварданд. Ин ҳам бо тавсияи олимон сурат гирифт.
-Шаҳр дар дотатсия аст?
-Не, баръакс, ба буҷети ҷумҳурӣ ҳиссагузорем.
-Аз аҳолии шаҳр тақрибан чанд нафар дар НБО “Роғун” кор мекунанд?
-Мувофиқи маълумот 1558 нафар сокини шаҳр дар НБО “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ, 2404 нафар дар корхонаҳои неругоҳ фаъолият мекунанд.
-Дар муҳоҷирати меҳнатӣ чанд нафаранд?
-2200 нафар.
-Аҳолӣ?
-Беш аз 46 ҳазор.
-Ҳар сол ҷавонони шаҳр макотиби олӣ ва миёнаи касбии кишварро хатм мекунанд. Оё онҳо дар шаҳр бо кор таъмин мешаванд?
-Мо ҳамеша омодаем, ки хатмкунандагони муассисаҳои олиро ба кор таъмин намоем, чункӣ то ҳол норасоии мутахассисон дар шаҳр эҳсос мегардад. Дар яке аз деҳаи дурдасти шаҳр барои иқомати омӯзгорон ва табибон хобгоҳ бунёд карда истодаем. Яъне, ҳадафи мо дастгирии ҷавонони соҳибкасбу соҳибхирад аст.
-Мардуми ин минтақаи кишвар асосан чӣ шуғл доранд, чӣ гуна зиндагиашонро пеш мебаранд?
-Аз ҳисоби кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва аксаран аз ҳисоби НБО “Роғун” кору зиндагӣ доранд. Боқимонда муаллим, духтур ва хизматчиёни давлатӣ ҳастанд.
-Ҳоло иштирокчиёни ҶБВ, садамаи Чернобил дар Роғун ҳастанд?
-Не. Аммо аз садамаи Чернобил 12 нафар ва аз оилаҳои бесаробони иштирокчиёни ҶБВ 37 нафар зиндагӣ доранд.
-Аз нигоҳи шумо, мушкилоти аслии сокинони Роғун чист?
-Дар тамоми ҷумҳурӣ қариб як аст: норасоии мутахассисони соҳаҳои маориф, тандурустӣ. Баъдан, дар шаҳр иншооти коммуналӣ, шабакаҳои обрасонӣ, обтазокунӣ ва коррезӣ, роҳҳои байнидеҳавӣ, таъмини кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ намерасанд. Вале дар нақша дорем, ки бо ҷалби сармоя ин муаммоҳоро ҳам рафъ намоем.
-Дар шаҳр чанд кӯдакистон ҳаст?
-Ду кӯдакистон. Вале бо назардошти талоботи аҳолӣ кӯдакистонро зиёд мекунем.
-Мушоҳида кардем, ки роҳи даромадгоҳи шаҳри Роғун тақрибан 10 километр сахт таъмирталаб аст. Он дар тавозуни мақомоти шаҳр аст ва кай таъмирро мебинад?
-Ин 11 километр роҳ дар тавозуни НБО “Роғун” аст. Дар ин самт мо кор карда истодаем. Бо масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон доир ба ин роҳе, ки шумо дар назар доред, гуфтугузор доштем. Ҳоло ин масъала дар баррасӣ қарор дорад. Умед дорем, ки дар барномаи давлатии сармоягузорӣ ворид карда мешавад. Дар як гуфтугӯ бо вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори умедворӣ шуд, ки ин роҳ ҳатман навсозӣ карда мешавад. Яъне, қадамҳои авввал аллакай гузошта шудаанд.
— Роғунро оянда минтақаи сайёҳӣ низ ном мебаранд. Зеро имрӯз таваҷҷуҳи меҳмонон аз дохил ва хориҷ ба Роғун бештар шуда истодааст. Шумо барои рушди сайёҳӣ чӣ чораҳо мебинед?
-Воқеан ҳам, дуруст қайд кардед. Ояндаи наздик бо баланд шудани сатҳи обанбори неругоҳи “Роғун” шаҳр ба як минтақаи хуби сайёҳӣ табдил меёбад. Чунки Роғун, инчунин, аз обҳои шифобахш, табобатӣ бой аст. Инчунин, дорои минтақаи хуби кӯҳгардӣ мебошад. Дар ин росто, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки дар шаҳри Роғун Барномаи рушди сайёҳӣ қабул ва дастгирӣ карда шавад. Хушбин ҳастем, ки ин иқдом ҳам амалӣ мегардад.
-Суоле, ки интизораш будед, кадом аст?
-Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Роғун ворид гардидан ва дидани биноҳои баландошёнаи замонавӣ, кӯчаю растаҳои чароғон, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам карда, онро чун шаҳри энергетикӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош дорем, ки шаҳри Роғунро боз ҳам зеботару ба як шаҳри пешрафта табдил диҳем.
— Ташаккур барои суҳбат.
— Саломат бошед!
Мусоҳиб
Усмон Раҳимзода
Маълумотнома
Музаффар Сулаймонзода аз соли 2019 инҷониб ба ҳайси раиси шаҳри Роғун фаъолият дорад. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) бо ихтисоси муҳандис-бинокор мебошад. Ӯ фаъолиятро дар «РоғунГЭСстрой» оғоз карда, то мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории МИМҲД шаҳри Роғун, сардори шуъбаи сохтмони асосии назди МИМҲД-и шаҳри Роғун, муҳандиси шуъбаи лоиҳакашии Раёсати лоиҳакашӣ-техникии ҶСК «НБО Роғун», сардори шуъбаи истеҳсолии Раёсати сохтмони асосии ҶСК «НБО Роғун» ва сардори Раёсати қабули корҳои анҷомёфтаи ҶСК «НБО Роғун» расидааст. Хизматҳои Музаффар Сулаймонзодаро ба назар гирифта, соли 2018 дар арафаи кушодашавии аввалин чархаи (агрегати) НБО Роғун аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шуд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ