Нақшаи сохтмони беш аз 300 иншоот дар Бохтар
Ба хотири истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар сохтмони иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло беш аз 150 иншоот ифтитоҳ карда шуданд.
Эмомалӣ Юсуфзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аз соли 2022 то имрӯз 152 бино ва иншоот сохта ба истифода дода шуданд.
Ӯ мегӯяд, феълан иҷроиши нақша беш аз 50 дарсад аст ва то соли 2026 он пурра таъмин карда хоҳад шуд.
“Дар шаҳри Бохтар дар ҷойҳои мувофиқ ва назди биноҳои баландошёна барои истироҳату фароғати сокинон, сохтмони 32 ҷойи бозии кӯдакону майдончаи фудбол ба нақша гирифта шуд. Мо аллакай 10 адади онро бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси виояти Хатлон ва Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар ба истифода додем. Барои сохтмони иншооти мавриди назар соҳибкорон ва шахсони саховатманд ҷалб гардидаанд”,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ