Наҷотдиҳандаҳои Хатлон ҳам ба Туркия мераванд
Ҳашт нафар наҷотдиҳанда аз вилояти Хатлон барои кумак ба сокинони зарардида аз заминларза ба Ҷумҳурии Туркия мераванд. Дар назар аст, ки онҳо имшаб аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамроҳ бо дигар наҷотдиҳандагони кишвар ба Туркия парвоз кунанд.
Маҳмадзода Ҷамшед — сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон имрӯз, 8-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳашт нафар наҷотдиҳанда ба Туркия фиристода мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки аз миёни кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҳашт мутахассиси беҳтарин интихоб шудаанд.
— Мувофиқи нақша имшаб онҳо барои расонидани кумак ба сокинони зарардида аз заминларзаи охир ба Туркия мераванд. Мақсад кумак расонидан аст. Онҳо то бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар онҷо мемонанд,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ