На раҳме бародар ба бародар дорад…

Соати даҳи субҳи 30 июн дар деҳаи Қалъаи Ҳисор мебоист намози ҷанозаи Ҷаъфар Олимов доир мешуд.

Аммо субҳ кормандони милитсия ва экспертизаи судӣ ба Қалъа омада, мурдаро барои ташхис бурданд.

Ҷаъфар Олимови баъди занозанӣ бо бародаронаш ба хун оғӯштаро шоми 29 июн ба бемористон бурданд, вале мошини онҳо дар роҳ дучори садама шуд. Табибон дар санади марг навиштаанд, ки ҳангоми садама … дилаш аз кор мондааст.

Марги Ҷаъфар Олимов, сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор, воқеъ дар тақрибан 25-километрии ғарби шаҳри Душанбе торафт ҳарчӣ бештар ба як қиссаи детективӣ шабоҳат пайдо мекунад.

Шоми 29 июн байни ӯ ва ду бародари хурдиаш дар манзили истиқоматиашон бар сари замин муноқиша бархостааст ва ду бародари хурдӣ Ҷаъфар Олимовро шадидан латукӯб кардаанд. Ӯро, ки саропояш бар асари ин латукӯб ба хун оғӯшта буд, ба беморхонаи маҳаллӣ мебаранд, вале дар онҷо машварат медиҳанд, ки аҳволаш вазнин аст ва бояд ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бубаред.

Аз қазо мошине, ки Ҷаъфар Олимовро ба беморхона мебурданд, дар наздикии беморхонаи марказии Ҳисор бо як мошини «Портер” бархӯрда, дучори садама мешавад.

Наздикони Ҷаъфар Олимов барои пӯшони изи аслии ҷиноят ба духтурон мегӯянд, ки ӯ дар садама чунин маҷрӯҳ шудаааст. Ва табибон низ дар санади марг менависанд, ки Ҷаъфар Олимов ҳангоми садама бар асари сактаи қалб вафот кардааст.

Субҳи 30 июн, соати 10 мебоист дар Қалъаи Ҳисор намози ҷанозаи Ҷаъфар Олимов доир мешуд. Аммо дар ин байн овозаи муноқишаи хунини байни бародарон дар ҳамаҷо паҳн шуд ва ба гӯши мақомот низ расид. Ба ин далел, субҳи 30 июн кормандони милитсия ва экспертизаи тиббӣ омада, мурдаро барои ташхис бурданд. Ба мардуми барои намози ҷаноза ҷамъомада эълон карданд, ки намози ҷанозаи Олимов соати 17, баъди анҷоми ташхиси сабабҳои маргаш баргузор мешавад.

Сокинони деҳаи Қалъаи Ҳисор гуфтаанд, ки шоми 29 июн сокини ин деҳа Фарҳод Олимову як бародари хурдиаш бо бародари калониашон Ҷаъфар Олимов бар сари замини ҳавлии падариашон муноқиша кардаанд ва дар ҷараёни ин ҷанҷол ин ду нафар бародари калониро шадидан латукӯб кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин алакай бори дуюм аст, ки Фарҳод Олимов қасди ҷони бародаронашро мекунад. Як сол пеш ӯ ҳамин тавр, бо корд бародари дигари калониаш Зафар Олимовро захмӣ карда буд. Фарҳод Олимов барои он ҳамла маҳкум ба зиндон шуд ва ба наздикӣ ба озодӣ баромада буд.

Сокинони Қалъаи Ҳисор мегӯянд, чанд сол пеш писари Фарҳод Олимов дар як садама мошинеро зада буд ва бар асоси ҳукми додгоҳ, бояд хисороти он ронандаи ҷабрдидаро ҷуброн мекард. Фарҳод Олимов барои пардохт кардани товони он ҷабрдида қисме аз замини ҳавлии падариашро фурӯхт.

Ӯ аз қисмати боқимондаи замини ҳавлии падариашон боз барои худ ҳақ талаб кардааст, вал Ҷаъфар, бародари калониаш гуфтааст, ки ту ҳаққи худро алакай гирифта, фурӯхтӣ ва дигар саҳме надорӣ. Ҳамин баҳс, ба гуфтаи ҳамдеҳагон, сабабимуноқишаи хунини шоми 29 июн байни ин ду бародар шуда, бо марги бародари калонӣ анҷомид.

Баъди онки мақомот ҷасади Ҷаъфар Олимовро барои ташхис бурданд, Фарҳод Олимов ва бародари хурдиаш, ки дар латукӯби ӯ даст доштанд, аз деҳа фирор кардаанд.

Дар ин авохир аз Тоҷикистон дар бораи куштору қасди куштори хешовандони наздик гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд.

Рӯзи 26 июн дар маҳаллаи Ғузни ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Фарҳод Сафарови 30-сола бародари 31-солааш Маҳмадзиёдро бо чанд зарбаи корд кушт. Онҳо се оила дар ҳавлии падариашон зиндагӣ мекарданд ва падари онҳо ахиран дар ҳамсоягии худ заминеро харида буд, ки фарзандонашро ҷудо кунад. Сокинони Ғузн мегӯянд, ин ду бародар барои ҳамин қитъаи замин бо якдигар муноқиша кардаанд ва Фарҳод акояшро кушт.

Фарҳод Сафаров қаблан дар шуъбаи корҳои дохилии Мастчоҳ кор мекард, вале чанд сол пеш кори милитсияро партофт ва ҳар сол барои мардикорӣ ба Русия мерафт. Бародари кушташудаи ӯ Маҳмадзиёд дар Оббурдон хоҷагии деҳқонӣ дошт.

Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *