Тайёраи Маскав –Хуҷанд ба таври изтирорӣ дар Домодедово нишаст

 

Портали махсуси Flightradar24.com. хабар медиҳад,ки ин субҳ гузашта тайёраи мусофиркашони хатсайри Маскав-Хуҷанд ба таври изтирорӣ ба фурудгоҳи Домодедово нишаст. Тайёраи Boeing 737-300 , ки ба ширкати тоҷикии “Тоҷик эйр” тааллуқ дорад, соати 01.03 дақиқа бо вақти Маскав парвоз намуда, баъдан дар фазои вилояти Рязан якбора бозпас ба тарафи Маскав баргашт ва пас аз чанд соати парвоз дар қисмати ҷанубу шарқии вилояти Маскав ба фурудгоҳи Домодедово нишаст. Тавре,ки ТАСС хабар медиҳад, тасмими бозгашти тайёраро командири он баъд аз он,ки дар парвози тайёра ноҷуриеро мушоҳида кард, гирифтааст.То ҳол сабаби ба миён омадани  ин ҳолатро  шарҳ надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *