Набарди такрории Ислом ва Оливейра
Мусобиқаи UCF 289 доир гашт, ки дар муҳорибаи асосӣ Чарлз Оливейра Биниил Дариушро шикаст дода, барои бо чемпиони вазни сабук Ислом Махачев ҷангидан роҳхат гирифт.
Агарчи пеш аз муҳориба роҳбарияти ташкилоти UCF гуфта буданд, ки сад фисад ғолиби муҳорибаи асосӣ рақиби навбатии чемпион аст, вале пас аз мусобиқа Дана Уайт чунин гуфт:
— Ман ин ҷангро дидан мехоҳам, вале бояд пешакӣ бо дигарон маслиҳат кунем, аз ҳолати Ислом Махачев бохабар шавем ва фоидаву зарари онро тарҳрезӣ кунем.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки пас аз мусобиқаи UCF 289 Ислом Махачев Чарлз Оливейраро табрик кард. Оливейра бошад, дар нишасти матбуотӣ доир ба муҳорибаи такрорӣ гуфт:
— Ман чемпион шудан мехоҳам ва аз UCF муҳориба зидди Махачев талаб мекунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ